https://sputnik.tj/20260322/rahmon-tasisi-markazi-baynalmilalii-navruz-dushanbe-1076239927.html
Раҳмон аз таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе хабар дод
Раҳмон аз таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Ин ташаббус барои ҳифз ва интиқоли арзишҳои ин ҷашни қадимӣ, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, ба наслҳои оянда равона шудаас
2026-03-22T15:19+0500
2026-03-22T15:19+0500
2026-03-22T15:18+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
ид
эмомалӣ раҳмон
фарҳанг
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170451_0:5:2047:1156_1920x0_80_0_0_2a0d49ddee24e1ecaba14a29b99b6782.jpg
ДУШАНБЕ, 22 март - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҷашни Наврӯз аз таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯзро дар Душанбе эълон кард.Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин ташаббус на танҳо эҳтиром ба маросими қадимӣ, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи фарҳангии миллат аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон."Бо назардошти аҳамияти ин маросими қадимӣ, мо тасмим гирифтем, ки Маркази байналмилалии Наврӯзро дар пойтахти Тоҷикистон таъсис диҳем. Ин ташаббус на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи фарҳангии миллат низ мебошад, зеро танҳо он одамоне, ки арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии худро ҳифз ва тақвият медиҳанд, қодиранд ояндаи дурахшон ва шукуфонро таъмин кунанд", - қайд кард президент.Ба гуфтаи Раҳмон, дар ҷаҳони муосир, даргири низоъҳост, Наврӯз ба пули дӯстӣ байни халқҳо, омили сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, намунаи ҳамзистии тамаддунҳо табдил ёфтааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф кардааст.Раҳмон ёдовар шуд, ки дар моҳи декабри соли 2025 дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи миллии Тоҷикистон "Фарҳанги омодасозии суманак" ба Феҳристи мероси ин созмон сабт шудааст.Раҳбари давлат инчунин таъкид кард, ки дигар маросимҳо ва анъанаҳои Наврӯзӣ, инчунин варзишҳои анъанавӣ, ҳамчун мероси тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла барои мардуми тоҷик, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.Президент ба зарурати ҳифз ва интиқоли мероси фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъкид кард. вай изҳор дошт, ки ҳамчун ворисони тамаддуни воқеии ориёӣ, тоҷикон вазифадоранд, ки анъанаҳои Наврӯзро идома диҳанд, онҳоро паҳн кунанд ва ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.Наврӯз як ҷашни қадимаи тоҷикон аст, ки мувофиқи тақвими офтобии астрономӣ фарорасии баҳор ва Соли навро нишон медиҳад.Дар ин ид одамон хонаҳо ва боғҳои худро тоза мекунанд, либосҳои тоза мепӯшанд ва ба якдигар саломатӣ ва хушбахтӣ таманно мекунанд.Наврӯз дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикони бурунмарзӣ низ ба шарафи ин ид маросимҳо ва барномаҳои бузург ташкил мекунанд.Наврӯз дар Тоҷикистон тӯлонитарин ид аст. Рӯзҳои истирозҳат аз 20 март оғоз шуда то 29-ум идома меёбад - дар маҷмӯъ 10 рӯз.
https://sputnik.tj/20260322/rahmon-javononi-tarikh-farhang-arzishhoi-millat-omuzand-1076232282.html
https://sputnik.tj/20260322/rahmon-davat-zakhiraho-tojikiston-oqilona-istifoda-1076221514.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170451_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_6b7c61b2ed37e6f8e39164e921cccb27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, наврӯз, ид, эмомалӣ раҳмон, фарҳанг, сиёсат
дар тоҷикистон, наврӯз, ид, эмомалӣ раҳмон, фарҳанг, сиёсат
Раҳмон аз таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе хабар дод
Ин ташаббус барои ҳифз ва интиқоли арзишҳои ин ҷашни қадимӣ, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, ба наслҳои оянда равона шудааст
ДУШАНБЕ, 22 март - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҷашни Наврӯз аз таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯзро дар Душанбе эълон кард.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин ташаббус на танҳо эҳтиром ба маросими қадимӣ, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи фарҳангии миллат аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон.
"Бо назардошти аҳамияти ин маросими қадимӣ, мо тасмим гирифтем, ки Маркази байналмилалии Наврӯзро дар пойтахти Тоҷикистон таъсис диҳем. Ин ташаббус на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи фарҳангии миллат низ мебошад, зеро танҳо он одамоне, ки арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии худро ҳифз ва тақвият медиҳанд, қодиранд ояндаи дурахшон ва шукуфонро таъмин кунанд", - қайд кард президент.
Ба гуфтаи Раҳмон, дар ҷаҳони муосир, даргири низоъҳост, Наврӯз ба пули дӯстӣ байни халқҳо, омили сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, намунаи ҳамзистии тамаддунҳо табдил ёфтааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф кардааст.
Раҳмон ёдовар шуд, ки дар моҳи декабри соли 2025 дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи миллии Тоҷикистон "Фарҳанги омодасозии суманак" ба Феҳристи мероси ин созмон сабт шудааст.
Раҳбари давлат инчунин таъкид кард, ки дигар маросимҳо ва анъанаҳои Наврӯзӣ, инчунин варзишҳои анъанавӣ, ҳамчун мероси тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла барои мардуми тоҷик, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.
Президент ба зарурати ҳифз ва интиқоли мероси фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъкид кард. вай изҳор дошт, ки ҳамчун ворисони тамаддуни воқеии ориёӣ, тоҷикон вазифадоранд, ки анъанаҳои Наврӯзро идома диҳанд, онҳоро паҳн кунанд ва ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
"Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи Наврӯз маънои ҳифзи ҳувият ва худшиносии мардуми қадимаи тоҷикро дорад", - таъкид кард Раҳмон.
Наврӯз як ҷашни қадимаи тоҷикон аст, ки мувофиқи тақвими офтобии астрономӣ фарорасии баҳор ва Соли навро нишон медиҳад.
Дар ин ид одамон хонаҳо ва боғҳои худро тоза мекунанд, либосҳои тоза мепӯшанд ва ба якдигар саломатӣ ва хушбахтӣ таманно мекунанд.
Наврӯз дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикони бурунмарзӣ низ ба шарафи ин ид маросимҳо ва барномаҳои бузург ташкил мекунанд.
Наврӯз дар Тоҷикистон тӯлонитарин ид аст. Рӯзҳои истирозҳат аз 20 март оғоз шуда то 29-ум идома меёбад - дар маҷмӯъ 10 рӯз.