https://sputnik.tj/20260318/tojikiston-kinoteatr-millii-onlayni-1076133789.html
Онлайн кинотеатр: Дар Тоҷикистон платформаи миллии синамоӣ таъсис ёфт
Онлайн кинотеатр: Дар Тоҷикистон платформаи миллии синамоӣ таъсис ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд
2026-03-18T15:40+0500
2026-03-18T15:40+0500
2026-03-18T15:40+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
рақамӣ
онлайн
ба таври онлайн
кино
синамо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/12/1076138200_0:49:2866:1661_1920x0_80_0_0_c82d0d3485a01836942bbafbf0c542e0.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — "tojikfilm.tv"ба фаъолият оғоз намуд.Дар ин бора, Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар додааст.Гуфта мешавад, ки платформаи миллӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд.Дар кинотеатри онлайнӣ филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.Арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомониро ташкил медиҳад.Бино ба гуфтаи мудири Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ин арзиш, бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст. Ҳадафи асосии таъсиси платформа бошад, дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад.Ин кинотеатр ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Тоҷикистон манъ шудааст.
https://sputnik.tj/20260314/kompozitor-tojik-jahoni-maskav-konsert-tolibkhon-shahidi-1076031560.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/12/1076138200_68:0:2797:2047_1920x0_80_0_0_fbab2f7c6b1f857f5bd1e35efb56529e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, рақамӣ, онлайн, ба таври онлайн, кино, синамо
фарҳанг, дар тоҷикистон, рақамӣ, онлайн, ба таври онлайн, кино, синамо
Онлайн кинотеатр: Дар Тоҷикистон платформаи миллии синамоӣ таъсис ёфт
Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — "tojikfilm.tv"ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ин бора, Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки платформаи миллӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд.
"Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар кинотеатри онлайнӣ филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.
Арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи мудири Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ин арзиш, бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
Ҳадафи асосии таъсиси платформа бошад, дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад.
Ин кинотеатр ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Тоҷикистон манъ шудааст.