https://sputnik.tj/20260317/safir-jang-dodugirift-eron-tojikiston-tasir-narasond-1076117194.html
Сафир: Ҷанг ба додугирифти Эрону Тоҷикистон таъсир нарасондааст
Сафир: Ҷанг ба додугирифти Эрону Тоҷикистон таъсир нарасондааст
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ба равобити тиҷорию иқтисодӣ миёни Душанбеву Теҳрон таъсир нарасондааст
2026-03-17T16:44+0500
2026-03-17T16:44+0500
2026-03-17T16:44+0500
эрон
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
иқтисод
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/11/1076117466_0:486:719:890_1920x0_80_0_0_f131ab858f6283cdcaf7f2738c1ae12a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Ҷанг дар Ховари Миёна ба муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрону Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасондааст.Дар ин бора сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён дар нишасте матбуотӣ таъкид кард.Вай гуфт, ки дар таъмини маводи ғизоӣ ва дигар молҳо аз Эрон ба Тоҷикистон набояд мушкиле вуҷуд дошта бошад ва ҳамаи роҳҳои ҳамлу нақл боз ва фаъолият доранд.Бояд қайд кард, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта фурӯшандагон дар бозорҳо ва мағозаҳои бузурги Душанбе ва Хуҷанд нархи молҳои воридотиро аз Эрон 5-10 банди фоизӣ боло бурданд. Фурӯшандагон болоравии нархро гӯё ба норасоӣ ва коҳиши таъминот аз Эрон рабт доданд.Дар бозорҳои кишвар нархҳои равғани растанӣ, биринҷ, хурмо, писта, ангури хушк, анор, шириниҳо, доруворӣ ва маводи кимиёвии рӯзгорро боло рафт.Сафир қайд кард, ки амалиёти низомии Исроил ва ИМА ба муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Эрон ва Тоҷикистон таъсир нарасонидааст.28 феврал ИМА ва Исроил ба ҳадафҳои Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд. Эрон ба қаламрави Исроил ва инчунин ба иншооти низомии ИМА дар Ховари Миёна ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20260305/sarvaziri-tojikiston-mardumi-eron-hamdardi-1075778551.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/11/1076117466_0:451:719:990_1920x0_80_0_0_9d6e9534cf45772b666c122c38266e08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод, сафир
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод, сафир
Сафир: Ҷанг ба додугирифти Эрону Тоҷикистон таъсир нарасондааст
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ба равобити тиҷорию иқтисодӣ миёни Душанбеву Теҳрон таъсир нарасондааст
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Ҷанг дар Ховари Миёна ба муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрону Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасондааст.
Дар ин бора сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён дар нишасте матбуотӣ таъкид кард.
Вай гуфт, ки дар таъмини маводи ғизоӣ ва дигар молҳо аз Эрон ба Тоҷикистон набояд мушкиле вуҷуд дошта бошад ва ҳамаи роҳҳои ҳамлу нақл боз ва фаъолият доранд.
Бояд қайд кард, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта фурӯшандагон дар бозорҳо ва мағозаҳои бузурги Душанбе ва Хуҷанд нархи молҳои воридотиро аз Эрон 5-10 банди фоизӣ боло бурданд. Фурӯшандагон болоравии нархро гӯё ба норасоӣ ва коҳиши таъминот аз Эрон рабт доданд.
Дар бозорҳои кишвар нархҳои равғани растанӣ, биринҷ, хурмо, писта, ангури хушк, анор, шириниҳо, доруворӣ ва маводи кимиёвии рӯзгорро боло рафт.
"Дар таъмини маводи ғизоӣ ва дигар молҳо аз Эрон ба Тоҷикистон ягон мушкиле вуҷуд надорад ва набояд вуҷуд дошта бошад. Баръакс, мо равандҳои таъмини маводи ғизоии Тоҷикистонро бо молҳои зарурӣ беҳтар кардем", - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.
Сафир қайд кард, ки амалиёти низомии Исроил ва ИМА ба муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Эрон ва Тоҷикистон таъсир нарасонидааст.
"Дар ин масъала хавотир шудан лозим нест; мо ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунем ва ҳамаи созишномаҳо ва тафоҳумҳои имзошуда амал мекунанд", - таъкид кард Ҳақиқиён.
28 феврал ИМА ва Исроил ба ҳадафҳои Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд. Эрон ба қаламрави Исроил ва инчунин ба иншооти низомии ИМА дар Ховари Миёна ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом медиҳад.