Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Сарвазири Тоҷикистон ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кард

© SputnikВ посольстве Ирана в Душанбе открыли Книгу памяти.
В посольстве Ирана в Душанбе открыли Книгу памяти.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2026
Обуна шудан
Мақомоти баландпоя ва мақомдорони Тоҷикистон ба сафоратхонаи Эрон барои изҳори таслият меоянд.
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Эрон джар Душанбе дар маросими ёдбуди шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари фақиди Ҷумҳурии Исломӣ ширкат кард.
Сарвазир бо имзои дафтари ёдбуд ҳамдардии давлат ва миллати Тоҷикистонро иброз дошт.
Дар ин маросим, ​​сарвазири Тоҷикистон, зимни адои эҳтиром ба мақоми раҳбар фақиди Эрон шаҳодати Хоманаиро таслият гуфт.
Ҳамчунин дар ин маросим сафири Русия дар Тоҷикистон низ иштирок кард ва дар дафтари ёдбуд ҳамдардии давлат ва миллати Русияро иброз дошт.
Ёдовар мешавем, ки сафорати Эрон дар Душанбе барои шаҳидони ҷанг бо Амрико "Дафтари ёдбуд" боз кард.
Хоҳишмандон метавонанд рӯзи 5 март аз соати 09.30 то 16.30 ба Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе рафта, ба мардуми Эрон расман ҳамдардӣ ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кунанд.
Цветы у посольства Ирана в Душанбе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Дар сафорати Эрон барои шаҳидони ҷанг бо Амрико ва Исроил "Дафтари ёдбуд" боз шуд
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва ба кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0