https://sputnik.tj/20260317/rahmon-ba-pokiston-meravad-1076119296.html
Раҳмон ба Покистон меравад
Раҳмон ба Покистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон масъалаи омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баррасӣ шуд
2026-03-17T18:44+0500
2026-03-17T18:44+0500
2026-03-17T18:52+0500
дар тоҷикистон
покистон
ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон
тиҷорат
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064620122_230:90:1280:681_1920x0_80_0_0_29d424402dd70a3ef9d2c5e29a8c5124.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт ба таври маҷозӣ баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати гардид рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва котиби иловагии вазорати тиҷорати Покистон Носир Ҳомид баргузор гардид.Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Манбаъ қайд кардааст, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади омодагӣ ба сафари дарпешистодаи сатҳи олии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон доир гардид.Дар доираи ҷаласа ҷонибҳо масъалаи стратегии татбиқ ва фаъолсозии долони нақлиёти автомобилӣ, афзоиши гардиши савдои дуҷониба ва дар ин замина таҳия ва тасдиқ намудани харитаи роҳ, роҳандозии ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва фарматсевтикиро баррасӣ шуданд.Таъкид карда шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.Зикр гардид, ки натиҷаҳои ин нишаст ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузории байни ду кишвари бародар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
https://sputnik.tj/20240913/tojikiston-sarmoyaguzoron-pokiston-sokhtmonu-aznavsozii-nerugoh-1064319055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064620122_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_f76310b750d1bedd05a230e866bf7b00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, тиҷорат, иқтисод, сиёсат
дар тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, тиҷорат, иқтисод, сиёсат
Раҳмон ба Покистон меравад
18:44 17.03.2026 (Навсозишуда: 18:52 17.03.2026) Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон масъалаи омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт ба таври маҷозӣ баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати гардид рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва котиби иловагии вазорати тиҷорати Покистон Носир Ҳомид баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади омодагӣ ба сафари дарпешистодаи сатҳи олии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон доир гардид.
Дар доираи ҷаласа ҷонибҳо масъалаи стратегии татбиқ ва фаъолсозии долони нақлиёти автомобилӣ, афзоиши гардиши савдои дуҷониба ва дар ин замина таҳия ва тасдиқ намудани харитаи роҳ, роҳандозии ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва фарматсевтикиро баррасӣ шуданд.
Таъкид карда шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои ин нишаст ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузории байни ду кишвари бародар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.