https://sputnik.tj/20240913/tojikiston-sarmoyaguzoron-pokiston-sokhtmonu-aznavsozii-nerugoh-1064319055.html
Тоҷикистон сармоягузорони Покистонро ба сохтмону азнавсозии неругоҳҳо даъват кард
Тоҷикистон сармоягузорони Покистонро ба сохтмону азнавсозии неругоҳҳо даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисоди Тоҷикистон соҳибкорони покистониро ба сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ даъват кард
2024-09-13T14:26+0500
2024-09-13T14:26+0500
2024-09-13T14:26+0500
дар тоҷикистон
покистон
иқтисод
ҳамкорӣ
сармоягузорӣ
неругоҳ
нбо
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064318888_36:124:1192:774_1920x0_80_0_0_36abdbf14ea9f3f8170b02fd1d7dde11.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан баррасӣ шуд.Мулоқоти мазкур дар шаҳри Исломободи Покистон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, баргузор гардид.Вазири тоҷик дар ин мулоқот қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба давра ба давра тамоюли рушдро касб намудаанд.Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳамтои худ даъват кард, ки барои ҷалби сармояи Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону азнавсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро баррасӣ карданд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар анҷоми вохурӣ омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба баён намуданд.
https://sputnik.tj/20240913/zavqizoda-gardishi-savdoi-tojikiston-kishvarhoi-mintaqai-shsh-1064310912.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064318888_37:57:1175:910_1920x0_80_0_0_2d244287b6ee15e41f0f2d2ebb0fa5f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, даъват, сохтмон, азнавсозӣ, неругоҳ, сармоягузорӣ, иқтисод, завқизода завқӣ
тоҷикистон, покистон, даъват, сохтмон, азнавсозӣ, неругоҳ, сармоягузорӣ, иқтисод, завқизода завқӣ
Тоҷикистон сармоягузорони Покистонро ба сохтмону азнавсозии неругоҳҳо даъват кард
Вазири иқтисоди Тоҷикистон соҳибкорони покистониро ба сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан баррасӣ шуд.
Мулоқоти мазкур дар шаҳри Исломободи Покистон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, баргузор гардид.
Вазири тоҷик дар ин мулоқот қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба давра ба давра тамоюли рушдро касб намудаанд.
“Аз ҷумла гардиши савдои хориҷии солона байни Тоҷикистон ва Покистон то 53 млн. доллар ё 62 фоиз афзоиш ёфт”,- гуфт оқои Завқизода.
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳамтои худ даъват кард, ки барои ҷалби сармояи Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону азнавсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро баррасӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар анҷоми вохурӣ омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба баён намуданд.