Истиқболи Тоҷикистон аз баргузории бомуваффақонаи раъйпурсӣ дар Қазоқистон

© Sputnik / Санат Имангалиев / Гузариш ба медиабонкРеферендум по принятию новой конституции в Казахстане.
Референдум по принятию новой конституции в Казахстане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2026
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Қазоқистонро ба муносибати баргузории бомуваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ табрик намудааст
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мардуми Қазоқистонро ба муносибати баргузории бомуваффақонаи раъйпурсии табри кардааст.
“Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Қазоқистон ба муносибати баргузории бомуваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ табрикоти самимона изҳор менамояд”, - таъкид кардааст вазорат дар як изҳороте, ки дар сомонаи расмиаш нашр гардидааст.
Вазорати хориҷа қайд кардааст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон ва натиҷаҳои раъйдиҳӣ далели возеҳи дастгирии васеи ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ва эътимоди мардум ба барномаи ислоҳоти густурда мебошад.

“Мо итминони комил дорем, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ ҳамчун заминаи мустаҳкам ҷиҳати рушду шукуфоии мунтазами Қазоқистон хоҳад гашт”, - таъкид кардааст вазорат.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки Тоҷикистон пойбандии устувори худро ба руҳияи дӯстии ҷовидона, ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Қазоқистон тасдиқ мекунад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ба мардуми Қазоқистон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав дар роҳи бунёди давлати боиқтидору соҳибихтиёр таманно кардааст.
Референдум по принятию новой конституции в Казахстане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2026
Бахтиёр Худоёрзода: Раъйпурсӣ дар Қазоқистонро арзёбӣ кард
Раъйпурсӣ умумимиллӣ оид ба қабули лоиҳаи Конститутсияи нав 15 март дар Қазоқистон баргузор шуд.
Тибқи натиҷаҳои пурсишҳои берун аз интихоботӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни тадқиқотӣ гузаронида шудаанд, аз 86,7% то 88,6% шаҳрвандоне, ки дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд, аз Конститутсияи нави кишвар пуштибонӣ кардаанд.
Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ дар давоми ҳафт рӯзи пас аз раъйдиҳӣ, яъне то 21 март, дар ВАО нашр хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0