https://sputnik.tj/20260316/khudoyorzoda-raypursi-qazoqiston-1076080167.html
Бахтиёр Худоёрзода: Раъйпурсӣ дар Қазоқистонро арзёбӣ кард
Бахтиёр Худоёрзода: Раъйпурсӣ дар Қазоқистонро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии Қазоқистон ҳузур дорад, қайд кард, ки омодагӣ ба раъйпурсӣ васеъ ва ҳамаҷониба буд
2026-03-16T16:31+0500
2026-03-16T16:31+0500
2026-03-16T17:10+0500
қазоқистон
дар тоҷикистон
нозирон
раъйпурсӣ
конститутсия
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076088537_0:43:2915:1683_1920x0_80_0_0_52f1611750425076dc050e0ac65b3c16.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik.Нозирони тоҷик раъйпурсӣ дар Қазоқистонро шаффоф ва демократӣ хондандРаиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, ки роҳбари нозирони Тоҷикистон дар раъйпурсии Қазоистон аст, гуфт, ки барои баргузории маъракаи раъйпурси мақомоти Қазоқистон корҳои зиёдеро дар самти омодагӣ ба раъйпурсӣ анҷом додааст.Вай гуфт, ки дар ин раъйпурсӣ принсипҳои асосӣ риоя шудаанд ва ин натиҷаи хуби омодагӣ ба раъйпурсӣ аст.Вай инчунин ба мардуми Қазоқистон сулҳу ваҳдат ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард.Ҳамчунин вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадули Ватанзода аз кори Комиссияи марказии раъйпурсии Қазоқистонро, ки тамоми шароитро барои раъйдиҳии озод, демократӣ ва шаффоф фароҳам овардааст, таъкид кард.Вакили дигари парлумон Илҳом Камолзода инчунин дар бораи иштироки фаъоли қазоқистониҳо дар раванди раъйпурсӣ қайд кард.Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Абдухалил Ғафурзода низ дар назорати раъйпурсӣ иштирок кардаастӣ.Дар ҳамин ҳол, Игор Петришенко, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ва муовини аввали дабири куллии Иттиҳод, изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна қонуншиканиҳое, ки метавонистанд ба натиҷаҳои раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Конститутсияи нав дар Қазоқистон таъсир расонанд, ошкор нашудаанд.Раъйпурсӣ умумимиллӣ оид ба қабули лоиҳаи Конститутсияи нав 15 март дар Қазоқистон баргузор шуд.Тибқи натиҷаҳои пурсишҳои берун аз интихоботӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни тадқиқотӣ гузаронида шудаанд, аз 86,7% то 88,6% шаҳрвандоне, ки дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд, аз Конститутсияи нави кишвар пуштибонӣ кардаанд.Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ дар давоми ҳафт рӯзи пас аз раъйдиҳӣ, яъне то 21 март, дар ВАО нашр хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20241006/qazoqiston-raypursi-bunyod-nerugoh-atom-idoma-1064603986.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076088537_93:0:2822:2047_1920x0_80_0_0_7165dd0b1a4720cb4dab97eeb8205638.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, дар тоҷикистон, нозирон, раъйпурсӣ, конститутсия, идм
қазоқистон, дар тоҷикистон, нозирон, раъйпурсӣ, конститутсия, идм
Бахтиёр Худоёрзода: Раъйпурсӣ дар Қазоқистонро арзёбӣ кард
16:31 16.03.2026 (Навсозишуда: 17:10 16.03.2026) Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии Қазоқистон ҳузур дорад, қайд кард, ки омодагӣ ба раъйпурсӣ васеъ ва ҳамаҷониба буд
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik.Нозирони тоҷик раъйпурсӣ дар Қазоқистонро шаффоф ва демократӣ хонданд
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, ки роҳбари нозирони Тоҷикистон дар раъйпурсии Қазоистон аст, гуфт, ки барои баргузории маъракаи раъйпурси мақомоти Қазоқистон корҳои зиёдеро дар самти омодагӣ ба раъйпурсӣ анҷом додааст.
“Комиссияҳои участкавӣ ва комиссияҳои ҳудудии раъйпурсӣ дар ҳама марҳилаҳои раъйпурсӣ омӯзиши хуб гирифтаанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон ба ин раъйпурсӣ пурра омода шуджааст. Мо мебинем, ки шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ ва иштирок дар раъйпурсиро доранд, озоданд ва ба ихтиёри худ дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ иштирок мекунанд ва озодона овоз медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Вай гуфт, ки дар ин раъйпурсӣ принсипҳои асосӣ риоя шудаанд ва ин натиҷаи хуби омодагӣ ба раъйпурсӣ аст.
Вай инчунин ба мардуми Қазоқистон сулҳу ваҳдат ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадули Ватанзода аз кори Комиссияи марказии раъйпурсии Қазоқистонро, ки тамоми шароитро барои раъйдиҳии озод, демократӣ ва шаффоф фароҳам овардааст, таъкид кард.
Вакили дигари парлумон Илҳом Камолзода инчунин дар бораи иштироки фаъоли қазоқистониҳо дар раванди раъйпурсӣ қайд кард.
"Раъйдиҳӣ мутобиқи принсипҳои демократӣ сурат мегирад. Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шудаанд", - гуфт вакили парлумон.
Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Абдухалил Ғафурзода низ дар назорати раъйпурсӣ иштирок кардаастӣ.
Дар ҳамин ҳол, Игор Петришенко, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ва муовини аввали дабири куллии Иттиҳод, изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна қонуншиканиҳое, ки метавонистанд ба натиҷаҳои раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Конститутсияи нав дар Қазоқистон таъсир расонанд, ошкор нашудаанд.
"Камбудиҳои алоҳидае, ки нозирон сабт кардаанд, хусусияти техникӣ доштанд ва аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавӣ фавран ислоҳ карда шуданд. Ҳайати нозирон ягон қонуншиканиеро, ки метавонистанд ба натиҷаҳои раъйпурсӣ таъсир расонанд, ошкор накард", - гуфт Петришенко.
Раъйпурсӣ умумимиллӣ оид ба қабули лоиҳаи Конститутсияи нав 15 март дар Қазоқистон баргузор шуд.
Тибқи натиҷаҳои пурсишҳои берун аз интихоботӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни тадқиқотӣ гузаронида шудаанд, аз 86,7% то 88,6% шаҳрвандоне, ки дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд, аз Конститутсияи нави кишвар пуштибонӣ кардаанд.
Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ дар давоми ҳафт рӯзи пас аз раъйдиҳӣ, яъне то 21 март, дар ВАО нашр хоҳанд шуд.