https://sputnik.tj/20260316/vkd-bozorho-bolobari-narkhho-idi-ramazon-jilavgiri-1076085914.html
ВКД аз раисони бозорҳо хост аз болобарии нархҳо пеш аз Иди Рамазон ҷилавгирӣ кунанд
ВКД аз раисони бозорҳо хост аз болобарии нархҳо пеш аз Иди Рамазон ҷилавгирӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ВКД Душанбе ба раисони бозорҳои пойтахт аз болобурдани ғайриқонунии нархҳо дар арафаи Иди Рамазон ҳушдор дод 16.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-16T18:31+0500
2026-03-16T18:31+0500
2026-03-16T18:31+0500
дар тоҷикистон
бозор
нарх
вкд
болоравии нарх
иди рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076096742_0:304:2958:1968_1920x0_80_0_0_df4f6b181b3c58038ab384de975f8738.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ахиран дар арафаи таҷлили Иди Рамазон роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои ҳудуди пойтахт дидору гуфтугӯ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили нигоҳ доштани мувозинати нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозорҳо ва марказҳои савдо, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин насби камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи самараноки онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.Дар ин ҷаласа Раёсати ВКД-и пойтахт таъкид кард, ки дар арафаи Иди Рамазон ба таври анъанавӣ дар бозорҳо ва марказҳои савдо шумораи харидорон зиёд мегардад.Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе аз масъулин хост ба таъмини тартибот, хизматрасонии босифат, пешгирии болоравии сунъии нархи маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.Сипас раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ тасдиқ кард, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард."Азбаски ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ — Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30-рӯзӣ омаданд, мувофиқи таҷриба, илму мантиқ моҳи сеюм одатан 29 рӯз мешавад", — изҳор дошт ӯ.Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20260306/ramazon-tojikiston-idi-fitr-malum-1075832809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076096742_96:0:2720:1968_1920x0_80_0_0_a8cb35773f4f709a90ca06e4dee54fdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозор, нарх, вкд, болоравии нарх, иди рамазон
дар тоҷикистон, бозор, нарх, вкд, болоравии нарх, иди рамазон
ВКД аз раисони бозорҳо хост аз болобарии нархҳо пеш аз Иди Рамазон ҷилавгирӣ кунанд
Раёсати ВКД Душанбе ба раисони бозорҳои пойтахт аз болобурдани ғайриқонунии нархҳо дар арафаи Иди Рамазон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ахиран дар арафаи таҷлили Иди Рамазон роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои ҳудуди пойтахт дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили нигоҳ доштани мувозинати нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозорҳо ва марказҳои савдо, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин насби камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи самараноки онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин ҷаласа Раёсати ВКД-и пойтахт таъкид кард, ки дар арафаи Иди Рамазон ба таври анъанавӣ дар бозорҳо ва марказҳои савдо шумораи харидорон зиёд мегардад.
Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе аз масъулин хост ба таъмини тартибот, хизматрасонии босифат, пешгирии болоравии сунъии нархи маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи дин ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.
Сипас раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ тасдиқ кард, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард.
"Азбаски ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ — Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30-рӯзӣ омаданд, мувофиқи таҷриба, илму мантиқ моҳи сеюм одатан 29 рӯз мешавад", — изҳор дошт ӯ.
Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.