Шаби қадр фаро мерасад: он барои муслимин чӣ аҳамят дорад?

Обуна шудан
Муҳимтарин санаи моҳи шарифи Рамазон Шаби қадр маҳсуб мешавад, зеро дар ин шаб монеаҳо миёни Худованду бандагонаш барои иҷобати дуо бардошта мешавад
"Шаби қадр" - яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлатулқадр) яке аз муҳимтарин шабҳои сол ва махсусан дар моҳи Рамазон аст, зеро дар ин шаб Худованди мутаъол сарнавишти инсонро барои тамоми сол муайян мекунад.
Соли 2026 шаби қадр ба рӯзи 16 то 17 март рост меояд. Дар ин замон, бино ба манобеъи исломӣ, фаришта Ҷабраил (ъ) ба ҳазрати Муҳаммад (с) дар ғори Ҳиро, ки дар наздикии Макка намоз мехонд, зоҳир шуда, панҷ ояти аввали сураи "Ал-Ҳақ"-ро овард.
Шаби қадр, лайлатулқадр шаби муайяншавии тақдир аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат дониста мешавад ва гӯё он шаб дуову ибодат зуд иҷобат мешавад.
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад буд?
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд.
Таъкид мешавад, ки Лайлатулқадр шабест, аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.
Лентаи хабарҳо
0