Дар Маскав шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд - видео

Обуна шудан
Асарҳои машҳури оҳангсози тоҷик аз ҷониби оркестрҳои ду театри Маскав - Театри Бузург ва Театри Мариинский иҷро шуданд
Дар пойтахти Русия шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд. Консерт дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский барпо гардида ба 80-солагии оҳангсоз бахшида шуд.
Ба табрикоти оҳангсоз шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик омада буданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Асарҳои Толибхон Шаҳидӣ аз ҷониби овозхонон ва мусиқичиёни машҳур иҷро шуданд. Таҳти роҳбарии дирижёри машҳур Валерий Гергиев, Ҳунарманди халқии Русия, ки 40 сол боз бо Шаҳидӣ дӯст ва ҳамкор аст, оркестрҳои ду театри Маскав, Театри Бузург ва Мариинский, асарҳои машҳури оҳангсози тоҷикро иҷро карданд.
Тамошобинон ҳар як намоишро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ гарм истиқбол гирифтанд.
Тоҷикистону Русия филми муштарак ба навор мегиранд
Тафсилоти чорабинии бошукӯҳи фарҳангиро дар видеои мо бубинед.
Лентаи хабарҳо
0