https://sputnik.tj/20260221/tojikiston-rusiya-filmi-mushtarak-navor-1075443725.html
Тоҷикистону Русия филми муштарак ба навор мегиранд
Тоҷикистону Русия филми муштарак ба навор мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Филми муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки дар ду кишвар ба навор гирифта мешавад, қарор аст дар соли 2027 намоиш дода шавад
2026-02-21T14:26+0500
2026-02-21T14:26+0500
2026-02-21T14:26+0500
дар тоҷикистон
русия
филм
кино
фарҳанг
синамо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075447624_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_cf17f9a3feba31da13d1f10e7e127dff.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Спектр"-и Русия филми нави муштараки ҳунарӣ бо номи "Шабаҳе дар зулмот"-ро ба навор мегирад.Ба иттилои “Тоҷикфилм” тасмим дар бораи роҳандозии ин лоиҳаи муштарак зимни мулоқоти директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии ширкати "Спектр" Максим Валянов гирифта шуд.Қайд карда шудааст, ки коргардонии филмро Румӣ Шоазимов бар уҳда дорад.Филм қарор аст, дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин, дар шаҳри Маскав ба навор гирифта шавад.Дар филм ҳунармандони тоҷик нақш бозӣ хоҳанд кард.Масъулини “Тоҷикфилм” таъкид кардаанд, ки лоиҳаи мазкур намунаи равшани густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.Дар назар аст, ки филми мазкур соли 2027 намоиш дода шавад.Ёдовар мешавем. ки қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо Эрон низ як филми муштарак ба навор хоҳад гирифт. Қайд карда шуда буд, ки Тоҷикистон ва Эрон дар бораи шахсиятҳои форсизабон филм меофаранд. Коргардони "Тоҷикфилм" бо намояндагони ширкати "Итоксима" дар бораи таҳияи филмҳо сӯҳбат кард. Тарафҳо инчунин оғози кори филми муштараки "Сухан дар роҳ"-ро эълон карданд, хабар медиҳад "Тоҷикфилм".
https://sputnik.tj/20230607/tojikfilm-tarikh-farhang-mardum-tojik-film-meofarad-1057590848.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075447624_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_9647382e0ad3bc6919cd64d2400b04ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, филм, кино, фарҳанг, синамо
дар тоҷикистон, русия, филм, кино, фарҳанг, синамо
Тоҷикистону Русия филми муштарак ба навор мегиранд
Филми муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки дар ду кишвар ба навор гирифта мешавад, қарор аст дар соли 2027 намоиш дода шавад
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Спектр"-и Русия филми нави муштараки ҳунарӣ бо номи "Шабаҳе дар зулмот"-ро ба навор мегирад.
Ба иттилои “Тоҷикфилм” тасмим дар бораи роҳандозии ин лоиҳаи муштарак зимни мулоқоти директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии ширкати "Спектр" Максим Валянов гирифта шуд.
Қайд карда шудааст, ки коргардонии филмро Румӣ Шоазимов бар уҳда дорад.
Филм қарор аст, дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин, дар шаҳри Маскав ба навор гирифта шавад.
Дар филм ҳунармандони тоҷик нақш бозӣ хоҳанд кард.
Масъулини “Тоҷикфилм” таъкид кардаанд, ки лоиҳаи мазкур намунаи равшани густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки филми мазкур соли 2027 намоиш дода шавад.
Ёдовар мешавем. ки қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо Эрон низ як филми муштарак ба навор хоҳад гирифт.
Қайд карда шуда буд, ки Тоҷикистон ва Эрон дар бораи шахсиятҳои форсизабон филм меофаранд.
Коргардони "Тоҷикфилм" бо намояндагони ширкати "Итоксима" дар бораи таҳияи филмҳо сӯҳбат кард.
Тарафҳо инчунин оғози кори филми муштараки "Сухан дар роҳ"-ро эълон карданд, хабар медиҳад "Тоҷикфилм".