"Консерти рекордӣ": маълум шуд Наврӯз - 2026 дар Маскав чӣ гуна таҷлил мешавад

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские девушки танцуют на сцене
Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Баргузоркунандагони барномаи Наврӯзӣ ширкати беш аз 10 ҳаз. тамошобинро дар консерт интизор доранд
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Дар яке аз бузургтарин толори консертии Маскав Live Арена ба муносибати ҷашни Наврӯз барномаи бузурги консертӣ баргузор мешавад.
Дар барнома ситораҳои эстрадаи тоҷик - Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Парвиз Назаров ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон баргузоркунандаи консерт Аслишо Акимбеков.
Ба иттилои ӯ, дар барнома, ширкати 10 ҳаз. тамошобин пешбинӣ шуда, он бояд аз бузургмиқёстарин барномаи консертии тоҷикии берун аз кишвар шавад.
"Ҳар як овозхон бо мусиқачиёни худ меоянд. Равшанидиҳии толор, танзими касбии овоз ва яке аз майдонҳои бузургтарини консертӣ дар Русия - Live Арена. Мо интизор дорем, ки 5 апрел бо ин барнома ҳамчун бузургтарин консерти бурунмарзии тоҷикӣ дар Русия ва дар ҷаҳон рекорд гузорем", - гуфт Аслишо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ дар барномаи 4 -соатаи фарҳангӣ дар баробари ҳофизон ансамблҳои рақсии миллӣ ва муосир ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
"Чун наврӯз ҷашни миллӣ аст, 95%-и сурудҳои овозхонон, сурудҳои дӯстдошта ва хитҳо хоҳанд буд", - гуфт ӯ ва афзуд, ки сурудҳои нав низ дар барнома садо хоҳанд дод.
Наврӯз - ҷашни қадимии мардуми тоҷик аст, ки 21 март фаро расида, аз баробар шудани шабу рӯз ва оғози фасли гармо дарак медиҳад.
Дар ин ҷашн мардум манзилу дару хонаҳои худро тозаву озода карда, бо либоси озода ба табрикоти ҳам мераванд ва бо дилу нияти нек ба ҳамдигар беҳтарин рӯзҳои ҳиётро орзу мекунанд.
Ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2025
Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифтитоҳ гардид
Наврӯз дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шукуҳӯ шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Тоҷикони бурунмарзӣ низ дар ин ҷашни бузург, маросимҳои калон ва барномаҳои бузург ташкил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0