Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Нигаронии Зеленский аз норасоии мушакҳои зидди ҳавоӣ бинобар амалиёти ИМА

© REUTERS /UKRAINIAN PRESIDENTIAL PRESS SERVICEВладимир Зеленский и заместитель начальника его управления бригадный генерал Павел Палиса посещают позиции украинских военнослужащих на передовой линии фронта.
Владимир Зеленский и заместитель начальника его управления бригадный генерал Павел Палиса посещают позиции украинских военнослужащих на передовой линии фронта. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Обуна шудан
Нашрияи “Politico” навиштааст, ки Зеленский аз норасоии мушакҳои падофанди ҳавоӣ бинобар амалиёти ИМА дар Эрон нигарон шудааст
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский аз норасоии мушакҳои падофанди ҳавоии “Patriot” бинобар истифодаи онҳо аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардааст, хабар медиҳад нашрияи “Politico”.
"Зеленский умедвор аст, ки кишвараш бо мушакҳои PAC-3-и истеҳсоли Амрико барои системаҳои дифоъи ҳавоии Patriot-ро таъмин хоҳад шуд... вай инчунин аз норасоии мушакҳо аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ (дар Ховари Миёна) нигарон аст", - менависад Politico.
Тибқи ҳуҷҷатҳои ҳукумати ИМА, ки қаблан аз ҷониби РИА Новости нашр шуда буд, дар соли 2026, Украина аз Иёлоти Муттаҳида камтарин миқдори кумаки низомиро аз аввали соли 2022 дастрас намудааст ва ин кишвар наметавонад ба ҷараёни кумакҳои бисёрмиллиарддолларӣ умед бандад.
Украинские военнослужащие. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбозони артиши Украина аз интиқоли аслиҳаи пастсифати Ғарб шикоят доранд
Русия бовар дорад, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ мекашад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа барои Украина, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки интиқоли силоҳ аз ҷониби Ғарб ба Украина ба гуфтушунид мусоидат намекунад ва балки танҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0