https://sputnik.tj/20260312/medvedev-buhroni-ukraina-okhir-1075972809.html
Медведев: бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир мерасад
Медведев: бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия иддао дорад, ки бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир хоҳад расид
2026-03-12T19:21+0500
2026-03-12T19:21+0500
2026-03-12T19:21+0500
украина
амалиёти вижа
медведев
низоъ
русия
анҷом
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075419964_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_97539d549d62334e97d3135fe4c3edad.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бӯҳрони Украина мисли ҳама низоъҳо дар таърих дер ё зуд ба охир мерасад. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки девонагии "ғарби дастаҷамъӣ" дар ҷонибдории Украина наметавонад абадӣ давом кунад."Бӯҳрони Украина, ки фаъолона аз ҷониби талошҳои як гурӯҳи кишварҳои русофобӣ, ки хоҳони шикасти Русия ҳастанд, дастгирӣ мешавад, дер ё зуд ба охир мерасад. Ҳамон тавре ки ҳама низоъҳо дар таърихи инсоният ба охир расидаанд. Девонагии тарафдории Украина, ки айни замон "ғарби дастаҷамъонаро"-ро фаро гирифтааст, наметавонад абадӣ давом кунад", - навиштааст Медведев дар мақолаи худ барои маҷаллаи "Эксперт", ки ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ бахшида шудааст.Вай қайд кард, ки "нигарониҳои кӯҳнашуда ва сунъӣ дар бораи сарнавишти Украина ба зудӣ бо огоҳии зарурати вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои хеле ҷиддитари ҷаҳонӣ, ки бо гузариш ба сатҳи нави технологӣ алоқаманданд, иваз карда мешаванд. Муовини раиси Шӯрои Амният афзуд, ки миқёс ва умқи ин чолишҳо бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк карда шавад.Амалиёти вижа дар Украина Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20260311/artish-ukraina-aslihai-pastsifati-gharb-shikoyat-1075950009.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075419964_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_c173d5ad28fdae7096d68c67737371ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, медведев, низоъ, русия, анҷом, буҳрон
украина, амалиёти вижа, медведев, низоъ, русия, анҷом, буҳрон
Медведев: бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир мерасад
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия иддао дорад, ки бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бӯҳрони Украина мисли ҳама низоъҳо дар таърих дер ё зуд ба охир мерасад. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки девонагии "ғарби дастаҷамъӣ" дар ҷонибдории Украина наметавонад абадӣ давом кунад.
"Бӯҳрони Украина, ки фаъолона аз ҷониби талошҳои як гурӯҳи кишварҳои русофобӣ, ки хоҳони шикасти Русия ҳастанд, дастгирӣ мешавад, дер ё зуд ба охир мерасад. Ҳамон тавре ки ҳама низоъҳо дар таърихи инсоният ба охир расидаанд. Девонагии тарафдории Украина, ки айни замон "ғарби дастаҷамъонаро"-ро фаро гирифтааст, наметавонад абадӣ давом кунад", - навиштааст Медведев дар мақолаи худ барои маҷаллаи "Эксперт", ки ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ бахшида шудааст.
Вай қайд кард, ки "нигарониҳои кӯҳнашуда ва сунъӣ дар бораи сарнавишти Украина ба зудӣ бо огоҳии зарурати вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои хеле ҷиддитари ҷаҳонӣ, ки бо гузариш ба сатҳи нави технологӣ алоқаманданд, иваз карда мешаванд.
Муовини раиси Шӯрои Амният афзуд, ки миқёс ва умқи ин чолишҳо бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк карда шавад.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.