https://sputnik.tj/20260311/boroni-siyoh-eron-tojikiston-merasad-sharhi-maqomot-1075949776.html
"Борони сиёҳ" аз Эрон ба Тоҷикистон мерасад? – шарҳи мақомот
"Борони сиёҳ" аз Эрон ба Тоҷикистон мерасад? – шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаҳои ИМА ба анборҳои сӯзишворӣ дар Теҳрон боиси боришоти заҳролуд шуд, ки тибқи гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ, метавонанд ба Тоҷикистон бирасанд
2026-03-11T18:49+0500
2026-03-11T18:49+0500
2026-03-11T19:16+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
дар тоҷикистон
муҳити зист
олудагӣ
обу ҳаво
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0b/1075932616_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_927232fa89fcb9bd1071a9586974cae3.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Хабарҳо дар бораи ҳаракати "абрҳои асидӣ (кислотаӣ)" аз анборҳои харобшуда дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии ИМА аз Эрон ба Осиёи Марказӣ комилан беасосанд.Ин изҳорот аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нашр шуд.Қаблан мақомоти Қазоқистон ва Узбекистон дар бораи ҳаракати "абрҳои асидӣ" аз Эрон ба Осиёи Марказӣ ва дар пайи он олудагии ҳаво ҳушдор дода буданд.Ҷамила Байдуллоева, муовини сардори Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ба Спутник Тоҷикистон гуфт, бар асоси таҳлили вазъияти синоптикӣ дар рӯзҳои 9 то 10 март, шароити обу ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор таҳти таъсири гузариши ҷабҳаи ҳавои сард ва вуруди тӯдаи ҳавои сард бо маншаи шимолу ғарбӣ қарор дошт.“Ин равандҳо бо коҳиши шадиди ҳарорати ҳаво, шиддат гирифтани бодҳои ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ, боришот ва табдили борон ба барф, аз ҷумла дар минтақаҳои водӣ ва доманакӯҳӣ ҳамроҳ буданд. Пештар Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон вобаста ба ин падидаҳо “ҳушдори тӯфонӣ” содир карда буд ва дар маҷмӯъ равандҳои синоптикии пешгӯишуда тасдиқ шуданд," - гуфт Ҷамила Байдуллоева.Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти гардиши мавҷуди атмосфера, интиқоли асосии тӯдаҳои ҳаво дар давраи баррасишуда аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ равона мешуд, ки ин нишондиҳандаи интиқоли мустақими тӯдаҳои ҳаво аз минтақаи Эрон ба самти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест.Ба гуфтаи муовини сардори Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, бар асоси додаҳои мавҷуди метеорологӣ, таҳлили вазъияти синоптикӣ ва мушоҳидаҳои ҷорӣ, иттилоъ дар бораи ташаккул ва интиқоли “абрҳои асидӣ” ба минтақа аз нигоҳи илмӣ асоси кофӣ надорад.“Дар ҳоли ҳозир барои хулоса баровардан дар бораи мавҷудияти хатари интиқоли чунин тӯдаҳои ҳавои олуда ба қаламрави Тоҷикистон асосе мушоҳида намешавад. Илова бар ин, тибқи додаҳои истгоҳҳои метеорологии кишвар ва ҳамчунин нуқтаи назорати олудагии ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе, ягон ҳолати сабти абрҳои заҳролуд ё боришоти заҳролуд ба қайд гирифта нашудааст.”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.Пештар расонаҳои хориҷӣ гузориш дода буданд, ки ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ба анборҳои сӯзишворӣ дар Теҳрон боиси пайдоиши борони заҳролуд шудааст, ки пӯстро месӯзонад ва ба шушҳо осеб мерасонад ва бодҳо онро ба самти шимолу шарқ — ба тарафи Осиёи Марказӣ — интиқол медиҳанд.Дар тасвирҳое видеоӣ аз шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, ки наздик ба 10 миллион нафар аҳолӣ дорад, дуди ғафси сиёҳ аз оташсӯзиҳо дида мешуд, ки шаҳрро фаро гирифта буд. Сокинон аз душвории нафаскашӣ ва “борони сиёҳ” ё оби борони олуда ба нафт шикоят мекарданд.
https://sputnik.tj/20260310/rahmon-mujtabo-khomanai-intikhob-maqom-rohbar-oli-eron-tabrik-1075891512.html
https://sputnik.tj/20260308/pizikiyon-hamsoya-puzish-hamla-namekunand-1075856163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0b/1075932616_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_d057b18d860218764fefb2afe2873075.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, муҳити зист, олудагӣ, обу ҳаво, кҳф
эрон, дар тоҷикистон, муҳити зист, олудагӣ, обу ҳаво, кҳф
"Борони сиёҳ" аз Эрон ба Тоҷикистон мерасад? – шарҳи мақомот
18:49 11.03.2026 (Навсозишуда: 19:16 11.03.2026) Эксклюзив
Ҳамлаҳои ИМА ба анборҳои сӯзишворӣ дар Теҳрон боиси боришоти заҳролуд шуд, ки тибқи гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ, метавонанд ба Тоҷикистон бирасанд
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Хабарҳо дар бораи ҳаракати "абрҳои асидӣ (кислотаӣ)" аз анборҳои харобшуда дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии ИМА аз Эрон ба Осиёи Марказӣ комилан беасосанд.
Ин изҳорот аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нашр шуд.
Қаблан мақомоти Қазоқистон ва Узбекистон дар бораи ҳаракати "абрҳои асидӣ" аз Эрон ба Осиёи Марказӣ ва дар пайи он олудагии ҳаво ҳушдор дода буданд.
Ҷамила Байдуллоева, муовини сардори Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ба Спутник Тоҷикистон гуфт, бар асоси таҳлили вазъияти синоптикӣ дар рӯзҳои 9 то 10 март, шароити обу ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор таҳти таъсири гузариши ҷабҳаи ҳавои сард ва вуруди тӯдаи ҳавои сард бо маншаи шимолу ғарбӣ қарор дошт.
“Ин равандҳо бо коҳиши шадиди ҳарорати ҳаво, шиддат гирифтани бодҳои ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ, боришот ва табдили борон ба барф, аз ҷумла дар минтақаҳои водӣ ва доманакӯҳӣ ҳамроҳ буданд. Пештар Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон вобаста ба ин падидаҳо “ҳушдори тӯфонӣ” содир карда буд ва дар маҷмӯъ равандҳои синоптикии пешгӯишуда тасдиқ шуданд," - гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти гардиши мавҷуди атмосфера, интиқоли асосии тӯдаҳои ҳаво дар давраи баррасишуда аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ равона мешуд, ки ин нишондиҳандаи интиқоли мустақими тӯдаҳои ҳаво аз минтақаи Эрон ба самти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест.
“Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми боришот шустани табиии зарраҳои аэрозол аз атмосфера сурат мегирад ва дар сурати интиқоли моддаҳои олудакунанда ба масофаҳои дур, ғилзати онҳо ба таври назаррас дар натиҷаи омехташавии турбулентӣ, парокандагӣ ва таҳшиншавӣ коҳиш меёбад," - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини сардори Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, бар асоси додаҳои мавҷуди метеорологӣ, таҳлили вазъияти синоптикӣ ва мушоҳидаҳои ҷорӣ, иттилоъ дар бораи ташаккул ва интиқоли “абрҳои асидӣ” ба минтақа аз нигоҳи илмӣ асоси кофӣ надорад.
“Дар ҳоли ҳозир барои хулоса баровардан дар бораи мавҷудияти хатари интиқоли чунин тӯдаҳои ҳавои олуда ба қаламрави Тоҷикистон асосе мушоҳида намешавад. Илова бар ин, тибқи додаҳои истгоҳҳои метеорологии кишвар ва ҳамчунин нуқтаи назорати олудагии ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе, ягон ҳолати сабти абрҳои заҳролуд ё боришоти заҳролуд ба қайд гирифта нашудааст.”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Пештар расонаҳои хориҷӣ гузориш дода буданд, ки ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ба анборҳои сӯзишворӣ дар Теҳрон боиси пайдоиши борони заҳролуд шудааст, ки пӯстро месӯзонад ва ба шушҳо осеб мерасонад ва бодҳо онро ба самти шимолу шарқ — ба тарафи Осиёи Марказӣ — интиқол медиҳанд.
Дар тасвирҳое видеоӣ аз шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, ки наздик ба 10 миллион нафар аҳолӣ дорад, дуди ғафси сиёҳ аз оташсӯзиҳо дида мешуд, ки шаҳрро фаро гирифта буд. Сокинон аз душвории нафаскашӣ ва “борони сиёҳ” ё оби борони олуда ба нафт шикоят мекарданд.