https://sputnik.tj/20260308/pizikiyon-hamsoya-puzish-hamla-namekunand-1075856163.html
Пизикиён аз кишварҳои ҳамсоя пузиш хосту ваъда дод дигар ба онҳо ҳамла намекунанд
Пизикиён аз кишварҳои ҳамсоя пузиш хосту ваъда дод дигар ба онҳо ҳамла намекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои муваққатии ҳукумати Эрон тасмим гирифт, ки ба ҳамлаҳо ба кишварҳои ҳамсояро хотима диҳад
2026-03-08T14:12+0500
2026-03-08T14:12+0500
2026-03-08T14:12+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
масъуд пизишкиён
ховари миёна
амният ва мудофиа
ҳамлаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070759224_0:42:2048:1194_1920x0_80_0_0_b0c64ef992e88b5c4b0bfaea3b7c560d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар - Sputnik. Шӯрои муваққатии Эрон тасмим гирифт, ки ҳамлаҳоро ба кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлаи онҳо ба Эрон, қатъ кунад, гуфт раисҷумҳури Эрон."Шӯро тасмим гирифт, ки дигар ба кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлаи онҳо ба Эрон, мушак партоб накунад. Мо борҳо гуфтаем, ки онҳо бародарони мо ҳастанд. Мо бояд якҷоя кор кунем, то дар минтақа сулҳ ва субот барқарор кунем", - гуфт Пизишкиён.Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои ҳамсоя узр хост ва қайд кард, ки артиши Эрон ҳама чораҳои заруриро барои дифоъ аз Эрон аз ҳамлаи ИМА ва Исроил андешидааст.Сиёсатмадори эронӣ аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки ихтилофоти мавҷударо тавассути дипломатия ҳал кунанд, на ин ки "бозичаи Вашингтон ва Тел-Авив" бошанд.Чанде пеш Масъуд Пизишкиён бо Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Президенти Русия даъват кард, ки ба истифода зӯрӣ барои ҳалли мушкилот дар саросари Ховари Миёна ва бозгашт ба музокироти сулҳ хотима дода шавад.Вай инчунин қайд кард, ки бо роҳбарони Шӯрои ҳамкории Халиҷ мунтазам тамос мегирад.28 феврал Иёлоти Муттаҳида ва Исроил амалиёти васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон аст. Вашингтон таҳдид кард, ки нерӯҳои баҳрӣ ва саноати дифоии Эронро нобуд мекунад ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки режимро сарнагун кунанд.Дар посух, Эрон ба қаламрави Исроил, инчунин ба иншооти низомии Амрико дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар АМА, Қатар, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Кувайт ва дигар кишварҳо ҳамла кард.
https://sputnik.tj/20260304/khatti-nabard-eron-naboyad-shikast-bikhurad-1075755978.html
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070759224_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_f6138e69c8c5eef36dc3f60870c89513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, масъуд пизишкиён, ховари миёна, амният ва мудофиа, ҳамлаи мушакӣ
эрон, масъуд пизишкиён, ховари миёна, амният ва мудофиа, ҳамлаи мушакӣ
Пизикиён аз кишварҳои ҳамсоя пузиш хосту ваъда дод дигар ба онҳо ҳамла намекунанд
Шӯрои муваққатии ҳукумати Эрон тасмим гирифт, ки ба ҳамлаҳо ба кишварҳои ҳамсояро хотима диҳад
ДУШАНБЕ, 8 мар - Sputnik. Шӯрои муваққатии Эрон тасмим гирифт, ки ҳамлаҳоро ба кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлаи онҳо ба Эрон, қатъ кунад, гуфт раисҷумҳури Эрон.
"Шӯро тасмим гирифт, ки дигар ба кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлаи онҳо ба Эрон, мушак партоб накунад. Мо борҳо гуфтаем, ки онҳо бародарони мо ҳастанд. Мо бояд якҷоя кор кунем, то дар минтақа сулҳ ва субот барқарор кунем", - гуфт Пизишкиён.
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои ҳамсоя узр хост ва қайд кард, ки артиши Эрон ҳама чораҳои заруриро барои дифоъ аз Эрон аз ҳамлаи ИМА ва Исроил андешидааст.
Сиёсатмадори эронӣ аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки ихтилофоти мавҷударо тавассути дипломатия ҳал кунанд, на ин ки "бозичаи Вашингтон ва Тел-Авив" бошанд.
Чанде пеш Масъуд Пизишкиён бо Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Президенти Русия даъват кард, ки ба истифода зӯрӣ барои ҳалли мушкилот дар саросари Ховари Миёна ва бозгашт ба музокироти сулҳ хотима дода шавад.
Вай инчунин қайд кард, ки бо роҳбарони Шӯрои ҳамкории Халиҷ мунтазам тамос мегирад.
28 феврал Иёлоти Муттаҳида ва Исроил амалиёти васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон аст. Вашингтон таҳдид кард, ки нерӯҳои баҳрӣ ва саноати дифоии Эронро нобуд мекунад ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки режимро сарнагун кунанд.
Дар посух, Эрон ба қаламрави Исроил, инчунин ба иншооти низомии Амрико дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар АМА, Қатар, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Кувайт ва дигар кишварҳо ҳамла кард.