https://sputnik.tj/20260310/putin-tramp-vaziyat-khovar-miyona-barrasi-1075904015.html
Путин ва Трамп вазъият дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд: тафсилоти суҳбат
Путин ва Трамп вазъият дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд: тафсилоти суҳбат
Sputnik Тоҷикистон
Ушаков гуфт, ки сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки аввалин сӯҳбати имсола буд, корӣ ва созанда буд
2026-03-10T14:24+0500
2026-03-10T14:24+0500
2026-03-10T14:24+0500
владимир путин
доналд трамп
има
русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:261:2713:1787_1920x0_80_0_0_1c55fd8e913b5c9988fc7ac77cb3f4ec.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп телефонь сущабт кард.Дар ин бора ёвари раҳбари Русия Юрий Ушаков хабар дод.Ушаков тавзеҳ дод, ки сӯҳбат бо ташаббуси раҳбари Амрико сурат гирифта, тақрибан як соат давом кардааст. Ӯ ба ёд овард, ки сӯҳбати қаблии телефонӣ байни Путин ва Трамп дар охири моҳи декабри соли 2025 сурат гирифта буд.Ба гуфтаи ёвари президенти Русия, имрӯз сӯҳбат ба вазъияти атрофи Эрон бахшида шуда буд. Бахусус, президенти ИМА ба вазъият дар заминаи амалиёти идомаёбандаи ИМА ва Исроил дар Эрон арзёбии худро дод, гуфт Ушаков."Ман мехоҳам қайд кунам, ки дар ин масъала (дар робита ба вазъият дар Эрон - Sputnik) мубодилаи афкори хеле пурмазмун ва, ба андешаи ман, муфид сурат гирифт", - афзуд ӯ. Ғайр аз ин, дар сӯҳбат бо раҳбари ИМА Путин таҳаввулотро дар хатти тамос дар ноҳияи низомии шимолӣ тавсиф кард, гуфт Ушаков.Ёвари президент инчунин хабар дод, ки дар сӯҳбат музокироти дуҷониба оид ба ҳалли Украина, ки бо иштироки намояндагони ИМА идома дорад, баррасӣ шудаанд. Путин талошҳои миёнҷигарии дастаи Трамп ва худи ӯро ситоиш кард, гуфт Ушаков."Ман такрор мекунам, ҳамкорони азиз, ки сӯҳбат хеле пурмазмун буд ва бешубҳа барои кори ояндаи ду кишвар (Русия ва Иёлоти Муттаҳида – Sputnik) дар соҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ аҳамияти амалӣ хоҳад дошт", - гуфт, ёвари раҳбари Русия. Сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп корӣ ва созанда буд, - хулоса кард Ушаков.
https://sputnik.tj/20251228/signal-putin-tramp-zelenskiy-vakil-rada-nigaron-1074185663.html
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:7:2713:2042_1920x0_80_0_0_83f82e62173ebee82afeeb34cc75dddd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, доналд трамп, има, русия, сиёсат
владимир путин, доналд трамп, има, русия, сиёсат
Путин ва Трамп вазъият дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд: тафсилоти суҳбат
Ушаков гуфт, ки сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки аввалин сӯҳбати имсола буд, корӣ ва созанда буд
ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп телефонь сущабт кард.
Дар ин бора ёвари раҳбари Русия Юрий Ушаков хабар дод.
"Имшаб президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ушаков тавзеҳ дод, ки сӯҳбат бо ташаббуси раҳбари Амрико сурат гирифта, тақрибан як соат давом кардааст. Ӯ ба ёд овард, ки сӯҳбати қаблии телефонӣ байни Путин ва Трамп дар охири моҳи декабри соли 2025 сурат гирифта буд.
Ба гуфтаи ёвари президенти Русия, имрӯз сӯҳбат ба вазъияти атрофи Эрон бахшида шуда буд.
Бахусус, президенти ИМА ба вазъият дар заминаи амалиёти идомаёбандаи ИМА ва Исроил дар Эрон арзёбии худро дод, гуфт Ушаков.
"Ман мехоҳам қайд кунам, ки дар ин масъала (дар робита ба вазъият дар Эрон - Sputnik) мубодилаи афкори хеле пурмазмун ва, ба андешаи ман, муфид сурат гирифт", - афзуд ӯ.
Ғайр аз ин, дар сӯҳбат бо раҳбари ИМА Путин таҳаввулотро дар хатти тамос дар ноҳияи низомии шимолӣ тавсиф кард, гуфт Ушаков.
Ёвари президент инчунин хабар дод, ки дар сӯҳбат музокироти дуҷониба оид ба ҳалли Украина, ки бо иштироки намояндагони ИМА идома дорад, баррасӣ шудаанд. Путин талошҳои миёнҷигарии дастаи Трамп ва худи ӯро ситоиш кард, гуфт Ушаков.
"Ман такрор мекунам, ҳамкорони азиз, ки сӯҳбат хеле пурмазмун буд ва бешубҳа барои кори ояндаи ду кишвар (Русия ва Иёлоти Муттаҳида – Sputnik) дар соҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ аҳамияти амалӣ хоҳад дошт", - гуфт, ёвари раҳбари Русия.
Сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп корӣ ва созанда буд, - хулоса кард Ушаков.