Дар деҳоти Овчиқаълача сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ ҷараён дорад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДетский сад "Нилуфар" в Пенджикенте
Детский сад Нилуфар в Пенджикенте  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2026
Обуна шудан
Бо рафти корҳои ободонӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ошно шудааст
Душанбе, 10 мар - Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раванди сохтмони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҷараён дорад.
Ҳамин тавр бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар назди дабистони №39 бинои иловагии таълимӣ бунёд карда мешавад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш додааст.
Ҳамзамон, бо назардошти зиёд гардидани талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дар назди кӯдакистони №6, бинои иловагии таълимӣ сохта шуда, бинои мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ин муассиса 223 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, сохтмони бинои нави тиббии Беморхонаи ноҳиявии №7-и ин деҳот дар ҷараён буда, он наздик ба 27 ҳазор аҳолии ҷамоат хизмати тиббӣ мерасонад.
Заседание правительства республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2026
Дастури Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳама деҳаҳои дурдаст
Бинои нав бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири маориф дастур дод, ки дар дурдасттарин деҳоти кишвар муасссисаҳои томактабӣ сохта шаванд.
Тибқи барномаи маориф дар назар аст, ки то соли 2030 дар кишвар 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.
Лентаи хабарҳо
0