https://sputnik.tj/20260228/dastur-rahmon-bunyodi-muassisaho-tomaktabi-1075631119.html
Дастури Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳама деҳаҳои дурдаст
Дастури Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳама деҳаҳои дурдаст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба вазири маориф дастур дод, ки дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар муасссисаҳои томактабӣ сохта шаванд
2026-02-28T10:23+0500
2026-02-28T10:23+0500
2026-02-28T10:23+0500
дар тоҷикистон
маҷлис
ҳукумат
маориф
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075628852_0:124:2048:1276_1920x0_80_0_0_933f12e4bee9c5b27a4039816dd9cf13.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид.Дар оғози маҷлис вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.Ӯ гуфтааст, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон таҳия гардидааст.Тибқи он дар назар аст, ки то соли 2030 дар кишвар 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст ки барнома ва нақшаи амалигардонии Барнома тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумат маълумот пешниҳод карда шавад.Дар кори маҷлис ҳамчунин, оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шудааст.Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2,3 млрд ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.Раҳмон супориш дода, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.
https://sputnik.tj/20251203/dushanbe-muassisa-tomaktabi-1073483726.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075628852_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_9b7bbd1f2f005c54311b4b217d75f256.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҷлис, ҳукумат, маориф, сиёсат
дар тоҷикистон, маҷлис, ҳукумат, маориф, сиёсат
Дастури Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳама деҳаҳои дурдаст
Президенти Тоҷикистон ба вазири маориф дастур дод, ки дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар муасссисаҳои томактабӣ сохта шаванд
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Ӯ гуфтааст, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон таҳия гардидааст.
Тибқи он дар назар аст, ки то соли 2030 дар кишвар 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.
Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст ки барнома ва нақшаи амалигардонии Барнома тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумат маълумот пешниҳод карда шавад.
"Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд", - таъкид кардааст кишвардор.
Дар кори маҷлис ҳамчунин, оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шудааст.
Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.
Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2,3 млрд ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.
Раҳмон супориш дода, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.