https://sputnik.tj/20260308/rahmon-modaron-davat-tarbiya-farzandon-jiddi-1075847533.html
Раҳмон аз модарони тоҷик даъват кард, ки дар тарбияи фарзандон ҷиддӣ бошанд
Раҳмон аз модарони тоҷик даъват кард, ки дар тарбияи фарзандон ҷиддӣ бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар номаи шодбошияш ба муносибати Рӯзи Модар аз бонувони тоҷик даъват кард, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.
2026-03-08T11:41+0500
2026-03-08T11:41+0500
2026-03-08T11:41+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
рӯзи модар
занон
бонувон
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/12/1075367975_186:322:1878:1274_1920x0_80_0_0_76298f006bb396d4b7621d3ceece8b89.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар номаи шодбошияш ба муносибати Рӯзи Модар аз бонувони тоҷик даъват кард, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.Кишвардор гуфтааст, ки тарбияи фарзанд аз батни модар оғоз мешавад ва нақши модар дар тарбияи фарзанд бузург аст.Президент гуфт, ояндаи давлат насли оянда аст ва аз ҳамаи модарон даъват кард, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва махсусан одобу ахлоқи онҳо бо масъулияти баланд муносибат намоянд.Ҳамчунин, президент бонувонро ба сариштакорӣ даъват кард.Дар баробари ин, раисиҷумҳур аз мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, гуфт, имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ, саҳми арзанда мегузоранд.Дастгирии соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон доданд, ки мустақилияти иқтисодии онҳо тақвият ёфта, рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.Соли 2025 барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷониби низоми бонкӣ 8 млрд сомонӣ қарз дода шуд, ёдовар шуд президент.Раисиҷумҳур барои заҳмати фидокорона ва хизмати содиқонаи занон ба Ватан изҳори сипос кард.
https://sputnik.tj/20260307/rahmon-bonuvon-ruz-modar-tabrik-1075848097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/12/1075367975_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_5ee1faeca480e27bd4a89e5b55e271ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, рӯзи модар, занон, бонувон, табрикот
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, рӯзи модар, занон, бонувон, табрикот
Раҳмон аз модарони тоҷик даъват кард, ки дар тарбияи фарзандон ҷиддӣ бошанд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои заҳмати фидокорона ва хизмати содиқонаи занони тоҷик ба Ватан изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 8 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар номаи шодбошияш ба муносибати Рӯзи Модар аз бонувони тоҷик даъват кард, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Кишвардор гуфтааст, ки тарбияи фарзанд аз батни модар оғоз мешавад ва нақши модар дар тарбияи фарзанд бузург аст.
"Агар имрӯз модар фарзанди худро ба роҳи омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар ва заҳматдӯстиву созандагӣ ҳидоят намояд, фардо ҷомеа ва давлат аз мушкилоту бадбахтиҳо эмин мемонад", - бовар дорад президент.
Президент гуфт, ояндаи давлат насли оянда аст ва аз ҳамаи модарон даъват кард, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва махсусан одобу ахлоқи онҳо бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Ҳамчунин, президент бонувонро ба сариштакорӣ даъват кард.
Дар баробари ин, раисиҷумҳур аз мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, гуфт, имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ, саҳми арзанда мегузоранд.
Дастгирии соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон доданд, ки мустақилияти иқтисодии онҳо тақвият ёфта, рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.
Соли 2025 барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷониби низоми бонкӣ 8 млрд сомонӣ қарз дода шуд, ёдовар шуд президент.
Раисиҷумҳур барои заҳмати фидокорона ва хизмати содиқонаи занон ба Ватан изҳори сипос кард.