https://sputnik.tj/20260307/rahmon-bonuvon-ruz-modar-tabrik-1075848097.html
Занон - шарикони боэътимоди давлат: Раҳмон бонувонро бо Рӯзи Модар табрик гуфт
Занон - шарикони боэътимоди давлат: Раҳмон бонувонро бо Рӯзи Модар табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи бонувони тоҷик саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод таманно кард
2026-03-07T16:05+0500
2026-03-07T16:05+0500
2026-03-10T11:55+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯзи модар
душанбе
табрикот
паёми табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894855_0:184:2048:1336_1920x0_80_0_0_dfc6837ad402ff0085ce664268cf53a6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони Тоҷикистонро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфта, онҳоро шарикони боэътимоди давлат хонд.Кишвардор дар номаи шодбошияш гуфтааст, ки ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.Ин рисолати бузургест, ки модар онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг ва суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро карда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст, гуфтааст раисиҷумҳур.Президенти кишвар занонро ҳамчун шарикони боэътимоди давлат ва саҳмгузор дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ тавсиф кардааст.Зеро таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад, таъкид кардааст раисиҷумҳур.Президент аз суханони бузургон ёдовар шуда, гуфтааст, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст. Вале, донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад.Зеро зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад, гуфтааст президент.
https://sputnik.tj/20250408/khalabon-afsari-ittilooti-hamshirai-shafqat-sahm-zanoni-tojik-ghalaba-1066907823.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894855_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_1ef1a405de76156c05e643e2bd37bcc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рӯзи модар, душанбе, табрикот, паёми табрикот
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рӯзи модар, душанбе, табрикот, паёми табрикот
Занон - шарикони боэътимоди давлат: Раҳмон бонувонро бо Рӯзи Модар табрик гуфт
16:05 07.03.2026 (Навсозишуда: 11:55 10.03.2026) Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи бонувони тоҷик саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод таманно кард
ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони Тоҷикистонро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфта, онҳоро шарикони боэътимоди давлат хонд.
Кишвардор дар номаи шодбошияш гуфтааст, ки ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.
"Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад", - таъкид кардааст президент.
Ин рисолати бузургест, ки модар онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг ва суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро карда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст, гуфтааст раисиҷумҳур.
Президенти кишвар занонро ҳамчун шарикони боэътимоди давлат ва саҳмгузор дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ тавсиф кардааст.
"Таъкид менамоям, ки эҳтиром ба зан – модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон намуд", - омадааст дар номаи президент.
Зеро таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад, таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Президент аз суханони бузургон ёдовар шуда, гуфтааст, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст. Вале, донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад.
Зеро зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад, гуфтааст президент.