Сохтмони "Комбинати металлургии тоҷик" 50% анҷом ёфтааст

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиТоджикский металлургический комбинат в Бободжон-Гафуровском районе.
Тоджикский металлургический комбинат в Бободжон-Гафуровском районе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2026
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо суръат идома доард
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. То имрӯз сохтмони наздик ба 50% "Комбинати металлургии тоҷик" анҷом расидааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар майдони сохтмон васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома дорад.
Масъулин қайд кардааст, ки захираи маъдани оҳан дар ин кон тақрибан 60 миллион тонна арзёбӣ мешавад.
Ахиран сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП "Комбинати металлургии тоҷик", воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.
© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиКохир Расулзода ознакомился с ходом строительных работ на обогатительном комбинате железной руды АО "Тоджикский металлургический комбинат", расположенном в Бободжон-Гафуровском районе.
Кохир Расулзода ознакомился с ходом строительных работ на обогатительном комбинате железной руды АО Тоджикский металлургический комбинат, расположенном в Бободжон-Гафуровском районе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2026
Ба иттилои мақомоти Суғд корхона бо сармояи ватанӣ бунёд гардида, бо истифода аз технологияҳои муосир ба истихроҷ, коркард ва ғанигардонии маъдани оҳан машғул мешавад.
“Ин нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ буда, ба рушди соҳаи саноати маъдан, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки корхона дар ду марҳила — то солҳои 2027 ва 2031 ба истифода дода шуда, иқтидори солонаи он истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъданро ташкил медиҳад.
Предприятие по производству металлических труб и профилей Сугдметалл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2026
Бунёди 2600 корхона дар 7 сол дар Тоҷикистон
Дар натиҷа 1,1 миллион тонна консентрат бо миқдори оҳани 62–65 фоиз истеҳсол гардида, қисми зиёди маҳсулот ба содирот равона мегардад.
Айни ҳол дар 15 қитъа зиёда аз 800 нафар мутахассисон фаъолият доранд. Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввал 1200 нафар ва баъди пурра ба истифода додани корхона беш аз 2000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Мақомоти вилояти Суғд таъкид кардааст, ки бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Лентаи хабарҳо
0