https://sputnik.tj/20260117/bahodur-usmonov-behtarin-mushtzan-tojikiston-1074588135.html
Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эътироф шуд
Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эътироф шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин варзишгкор дар байни беҳтарин муштзанҳои ҷумҳурӣ, ки дар платформаи BoxRec тартиб дода ва нашр шудаанд, дар ҷои аввал қарор дорад
2026-01-17T15:36+0500
2026-01-17T15:36+0500
2026-01-17T15:36+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
баҳодур усмонов
муштзан
қаҳрамонӣ оид ба бокс
бокс
беҳтарин
раддабандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061753101_248:36:1122:527_1920x0_80_0_0_6909a959f2b367e6956bda07dcd03c47.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эълон шуд.Раддабандӣ дар ин бора, аз ҷониби BoxRec нашр шудааст.Ин вебсайт, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Комиссияҳои бокс эътироф шудааст, мунтазам рейтинги ҷаҳонии муштзанҳоро, ҳам ҳаваскорон ва ҳам касбӣ, нав мекунад. Муштзанони тоҷик дар рейтинги касбӣ дохил карда шудаанд.Айни замон, Баҳодур Усмонов, ки дар ин рӯйхат ҷои аввалро ишғол карда, муштзани пешсафи тоҷик ҳисобида мешавад.Ӯ то кунун дар фаъолияти касбии худ ягон бор мағлуб нашудааст ва бо рекорди 12-0, фаъолона дар рейтинги ҷаҳонии бокс пеш меравад.Коршиносон аксар вақт суръат ва истодагариро ҳамчун хислатҳои калидии варзишгар қайд мекунанд.Дар рӯйхати беҳтарин муштзанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Яъқубов, ботаҷрибатарин аз 10 муштзани беҳтарин, ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар синни 30-солагӣ, ӯ 25 рақобат анҷом дода, дар 23-тои онҳо пирӯз шудааст ва худро ҳамчун муштзани устувор муаррифӣ кардааст.Сегонаи беҳтаринро Шавкат Раҳимов, яке аз варзишгарони шинохташуда дар рейтинг, ҷамъбаст мекунад.Ин варзишгари собиқи Федератсияи Байналмилалии Бокс (IBF) соли 2025 бо сабаби бад шудани саломатӣ ба нафақа баромад ва ба кори мураббӣ гузашт.Дар рӯйхати BoxRec инчунин Авзалбек Қуранбоев, Шӯҳрат Саломатов ва дигар муштзанҳо низ ҳузур доранд.Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2025 дар мусобиқаи IBA.PRO 13, ки дар Дубай баргузор шуд, Баҳодур Усмонов Макси Хьюзи бритониёиро мағлуб карда, номзади расмии қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) шуд.
https://sputnik.tj/20251231/panj-dastovardi-behtarini-varzishii-tojikiston-1074285414.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061753101_294:21:1060:596_1920x0_80_0_0_ac857a3322594c51eaaa4c81256a1a65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳодур усмонов, беҳтарин, муштзан, тоҷикистон
баҳодур усмонов, беҳтарин, муштзан, тоҷикистон
Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эътироф шуд
Ин варзишгкор дар раддабандии беҳтарин муштзанҳои ҷумҳурӣ, ки дар платформаи BoxRec тартиб дода ва нашр шудаанд, дар ҷои аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эълон шуд.
Раддабандӣ дар ин бора, аз ҷониби BoxRec нашр шудааст.
Ин вебсайт, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Комиссияҳои бокс эътироф шудааст, мунтазам рейтинги ҷаҳонии муштзанҳоро, ҳам ҳаваскорон ва ҳам касбӣ, нав мекунад. Муштзанони тоҷик дар рейтинги касбӣ дохил карда шудаанд.
Айни замон, Баҳодур Усмонов, ки дар ин рӯйхат ҷои аввалро ишғол карда, муштзани пешсафи тоҷик ҳисобида мешавад.
Ӯ то кунун дар фаъолияти касбии худ ягон бор мағлуб нашудааст ва бо рекорди 12-0, фаъолона дар рейтинги ҷаҳонии бокс пеш меравад.
Коршиносон аксар вақт суръат ва истодагариро ҳамчун хислатҳои калидии варзишгар қайд мекунанд.
Дар рӯйхати беҳтарин муштзанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Яъқубов, ботаҷрибатарин аз 10 муштзани беҳтарин, ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар синни 30-солагӣ, ӯ 25 рақобат анҷом дода, дар 23-тои онҳо пирӯз шудааст ва худро ҳамчун муштзани устувор муаррифӣ кардааст.
Сегонаи беҳтаринро Шавкат Раҳимов, яке аз варзишгарони шинохташуда дар рейтинг, ҷамъбаст мекунад.
Ин варзишгари собиқи Федератсияи Байналмилалии Бокс (IBF) соли 2025 бо сабаби бад шудани саломатӣ ба нафақа баромад ва ба кори мураббӣ гузашт.
Дар рӯйхати BoxRec инчунин Авзалбек Қуранбоев, Шӯҳрат Саломатов ва дигар муштзанҳо низ ҳузур доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2025 дар мусобиқаи IBA.PRO 13, ки дар Дубай баргузор шуд, Баҳодур Усмонов Макси Хьюзи бритониёиро мағлуб карда, номзади расмии қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) шуд.