Ширкати “Moody’s рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард

© Unsplash/JESHOOTS.COMБизнесмен в офисе работает за компьютером. Иллюстративное фото
Бизнесмен в офисе работает за компьютером. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2026
Обуна шудан
Агентии “Moody’s Raitings” Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи “B2” бо дурнамои “устувор” баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s Raitings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ намуд.
Дар ин бора дхадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб бо агентии мазкур ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи “B2” баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ бори аввал ба қайд гирифта мешавад.
Бонки танзимгар таъкид кардааст, ки ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Тибқи арзёбии агентии рейтингӣ, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи “B3” ба дараҷаи “B2” пеш аз ҳама ба рушди устувори иқтисодии кишвар дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад.
“Дурнамои “устувор” инъикоскунандаи интизориҳои мусбати агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад”, - қайд намудааст БМТ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиш додани хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги кишвар мусоидат кардаанд.
Логотип международного рейтингового и исследовательского агентства Standard & Poors    - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро аз "устувор" ба "мусбат" тағйир дод
Ба иттилои Бонки миллӣ баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар бозгӯи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Тоҷикистон буда, барои густариши имкониятҳои ҷалби сармоя, коҳиш додани арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад.
Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Лентаи хабарҳо
0