Дар МОИ "Суғд" корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПереработка фруктов. Иллюстративное фото
Переработка фруктов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2025
Обуна шудан
Корхона нацша дорад, раванди пурраи коркард ва бандубасти меваҳоро ба роҳ монда, маҳсулотро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барорад
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бунёди корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид.
Дар маросими о-ози корщои сохтмонь раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат карда, санги асос гузошт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо номи "Фуд Агро Суғд" дар заминаи дастгириҳои Ҳукумат ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат бунёд меёбад.
Дар асоси пешбинӣ корхона соли оянда ба истифода дода шуда, барои 100 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Корхона ҳамчунин, нақша дорад дар шаҳри Конибодом дар масоҳати 500 гектар боғи нав бунёд намояд, то бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ раванди пурраи коркард ва бандубасти меваҳоро ба роҳ монда, маҳсулотро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барорад.
Главный въезд в СЭЗ Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Сармоягузорӣ ба МОИ "Суғд" якбора афзудааст
Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ зиёд шуда, таваҷҷуҳ ба бунёди корхонаҳои коркарду бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, беш аз пеш зиёд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0