https://sputnik.tj/20260305/eron-voridoti-mahsulot-tojikistonro-afzoish-1075755459.html
Эрон то ҳамлаи ИМА ва Исроил воридоти маҳсулот аз Тоҷикистонро афзоиш дода буд
Эрон то ҳамлаи ИМА ва Исроил воридоти маҳсулот аз Тоҷикистонро афзоиш дода буд
Sputnik Тоҷикистон
Эрон дар давоми 10 моҳ Эрон аз Тоҷикистон пахта, матоъҳои абрешимӣ ва таҷҳизоти гуногун ворид кардааст
2026-03-05T19:31+0500
2026-03-05T19:31+0500
2026-03-05T19:31+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
воридот
содирот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074825960_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_329d52f14b7815fb7766119c7883b218.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Дар тӯли 10 моҳи гузашта 21 марти соли 2025 то 20 январи соли 2026 Эрон воридоти маҳсулотро аз Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8% афзоиш дод.Дар ин бора Хадамоти гумруки Эрон хабар додааст.Тибқи омори ин ниҳод, Эрон дар тӯли 10 моҳ аз Тоҷикистон 50,4 ҳазор тонна маҳсулот ворид кардааст, ки арзиши он тақрибан 87,5 миллион доллар аст.Дар ҳамин ҳол Эрон аз моҳи марти соли 2024 то авохири январи соли 2025, Эрон аз Тоҷикистон 30,6 ҳазор тонна маҳсулот ворид кард, ки арзиши он 70 миллион доллар аст.Эрон асосан аз Тоҷикистон пахта, матоъҳои абрешимӣ ва таҷҳизоти гуногун ворид кардааст.Тибқи омор, гардиши тиҷоратии Эрон бо Тоҷикистон дар тӯли 10 моҳ 582 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки арзиши он 416 миллион доллар аст.Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, гардиши мол аз ҷиҳати арзиш 37% ва аз ҷиҳати вазн 40,9% афзоиш ёфтааст.Бояд илова кард, ки тибқи омори Хадамоти гумрук, воридоти маҳсулот ба Эрон дар тӯли 10 моҳ 33,2 миллион тоннаро ташкил дод, ки арзиши он 49,1 миллиард долларро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260210/eron-sokhtmon-nerugohhoi-bodi-tojikiston-ishtirok-1075144685.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074825960_114:0:2845:2048_1920x0_80_0_0_3ed2b63855b29efd57c0c0af133de2db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, воридот, содирот, тиҷорат
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, воридот, содирот, тиҷорат
Эрон то ҳамлаи ИМА ва Исроил воридоти маҳсулот аз Тоҷикистонро афзоиш дода буд
Эрон дар давоми 10 моҳ Эрон аз Тоҷикистон пахта, матоъҳои абрешимӣ ва таҷҳизоти гуногун ворид кардааст
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Дар тӯли 10 моҳи гузашта 21 марти соли 2025 то 20 январи соли 2026 Эрон воридоти маҳсулотро аз Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8% афзоиш дод.
Дар ин бора Хадамоти гумруки Эрон хабар додааст.
Тибқи омори ин ниҳод, Эрон дар тӯли 10 моҳ аз Тоҷикистон 50,4 ҳазор тонна маҳсулот ворид кардааст, ки арзиши он тақрибан 87,5 миллион доллар аст.
Дар ҳамин ҳол Эрон аз моҳи марти соли 2024 то авохири январи соли 2025, Эрон аз Тоҷикистон 30,6 ҳазор тонна маҳсулот ворид кард, ки арзиши он 70 миллион доллар аст.
Эрон асосан аз Тоҷикистон пахта, матоъҳои абрешимӣ ва таҷҳизоти гуногун ворид кардааст.
Тибқи омор, гардиши тиҷоратии Эрон бо Тоҷикистон дар тӯли 10 моҳ 582 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки арзиши он 416 миллион доллар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, гардиши мол аз ҷиҳати арзиш 37% ва аз ҷиҳати вазн 40,9% афзоиш ёфтааст.
Бояд илова кард, ки тибқи омори Хадамоти гумрук, воридоти маҳсулот ба Эрон дар тӯли 10 моҳ 33,2 миллион тоннаро ташкил дод, ки арзиши он 49,1 миллиард долларро ташкил дод.