Эрон ният дорад дар пружаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ дар Тоҷикистон иштирок намояд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВетряная электростанция, архивное фото
Ветряная электростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2026
Обуна шудан
Давлати Тоҷикистон эълон кардааст, ки ният дорад, то соли 2030 иқтидори энергияи бодиро то 2 гигаватт афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Эрон ҳамчун яке аз истеҳсолкунандагони машҳури турбинаҳои бодӣ метавонад барои эҷоди нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ба Тоҷикистон кумак кунад.
Дар ин бора муованати байналмилалии утоқи Эрон дар гузорише бо уннвони "Эҷоди нерӯгоҳҳои барқи бодӣ тавассути ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон" гуфта шудааст.
Дар ин гузориш қайд шудааст, ки ҳоло барои сармоягузории ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон фурсати муносиб эҷод шудааст.
Дар бахше аз ин гузориш омадааст, ки бар асоси ҳадафҳо ва барномаҳои эълоншудаи Ҳукумати Тоҷикистон, имконияти энергияи бодӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятдор дар назар гирифта шудааст.
Бар асоси таҳлилҳои ибтидоӣ, иқтидори ин манбаи энергия дар ин кишвар 1926.35 мегаватт бароварда мешавад.
“Иқтидори феълии истеҳсоли энергияи бодӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуд аст ва асосан ба чанд турбинаи хурд маҳдуд мешавад. Бар асоси гузоришҳо, танҳо 9 турбинаи бодӣ бо иқтидори умумии 5.1 киловатт мавҷуданд, ки саҳми ночиз дар истеҳсоли барқи кишвар доранд. Бо вуҷуди ин, имконияти қувваи бодӣ дар Тоҷикистон баланд ба ҳисоб меравад”, - таъкид шудааст дар ин гузориш.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки имконияти техникии энергияи бодӣ тақрибан 15557 мегаватт ва имконияти иқтисодии он 4485 мегаватт аст.
Министр энергетики Таджикистана встретился с Первым вице-президентом Ирана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2025
Густариши равобити Эрону Тоҷикистон бемонеъ аст
Ҳамчунин, истеҳсоли солонаи имконпазири энергияи бодӣ аз 30 то 100 миллиард киловатт-соат бароварда мешавад, ки метавонад бо имконияти гидроэнергетика рақобат кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар назар дорад, то соли 2030 иқтидори энергияи бодиро ба 2 гигаватт бирасонад ва тахмин заданд, ки Тоҷикистон дар оянда метавонад иқтидори энергияи бодиро то 4.4 гигаватт расонад.
Бар асоси ин гузориш, гарчанде Чин яке аз рақибонҳои асосии Эрон дар таъминоти турбинаҳо хоҳад буд, вале бо такя бар фарҳанг ва забони муштарак ва сифати турбинаҳо Эрон метавонад баррасӣ ва иҷрои ин лоиҳаро дунбол кунад.
Лентаи хабарҳо
0