Тоҷикистону Туркманистон тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа медиҳанд

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов ТаджикистанаЗаседание совместной межправительственной комиссии Республики Таджикистан и Туркменистана по торгово-экономическому, научно-техническому сотрудничеству.
Заседание совместной межправительственной комиссии Республики Таджикистан и Туркменистана по торгово-экономическому, научно-техническому сотрудничеству.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки афзоши тиҷорат бо Туркманистон дар соли гузашта далели сатҳи рӯзафзуни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мебошад
ДУШАНБЕ, 4 мар - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки гардиши савдо миёни кишварҳо дар соли 2025 ба 43,1 млн доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 17,1% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба кори худ шуруъ кард, хабар дода шуд
Тавре дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст, дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Душанбеву Ишқобод дар ҳамаи самтҳо мунтазам густариш меёбад ва ба сатҳи сифатан нав баромада истодааст.
Ҷонибҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Двое рабочих моют окна у вагоне поезда на центральном вокзале Тегерана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2025
Ҳаракати вагонҳои эронӣ дар масири Туркманистон, Узбекистону Тоҷикистон аз ду ҳафтаи оянда
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа тарафҳо таъкид намдуанд, ки ҳар ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ талош хоҳанд кард.
Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки санаи 04-уми март Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мувофиқа ва ба имзо расонда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0