Ҳаракати вагонҳои эронӣ дар масири Туркманистон, Узбекистону Тоҷикистон аз ду ҳафтаи оянда

© AP / Vahid SalemiДвое рабочих моют окна у вагоне поезда на центральном вокзале Тегерана. Архивное фото
Двое рабочих моют окна у вагоне поезда на центральном вокзале Тегерана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2025
Обуна шудан
Мудиромили роҳи оҳани Эрон, аз оғози ҳаракати вагонҳои эронӣ дар масири кишварҳои ҳавзаи ИДМ (Туркманистон, Узбекистону Тоҷикистон) дар ояндае наздик хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҷаборалӣ Зокирӣ эълом кард,ки бар асоси тавофуқи анҷомшуда миёни роҳи оҳанҳои Эрону Узбекистон, ҳаракати вагонҳои Эронӣ дар долонҳои байналмилалӣ ва дар масири кишварҳои Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистони зарфи ду ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.
Дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории садоу симои Эрон.
Ин иқдом дар ростои тавсеаи ҳамлунақли байналмилалӣ ва тақвияти дипломасии рейлӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи ИДМ анҷом мешавад ва ҳадафи он афзоиши боркашонӣ дар долонҳои шимол ба ҷануб ва шарқ ба ғарб аст.
Ин хабар ҳамзамон бо баҳрабардорӣ аз 17 пружаи рейлӣ ва илҳоқи 283 дастгоҳи новгони рейлии тавлиди дохил ва бозсозишуда ба шабакаи рейлии Эрон эълом шуд.
Ин новгони шомили Локомотив, вагони мусофирӣ ва борӣ аст, ки дар маҷмӯи арзишии муодили 3 ҳазор млрд тумон дорад ва бо мушорикати 9 ширкати тавлидкунандаи дохилӣ ва 14 ширкати ҳамлунақлӣ ба шабакаи реийлӣ изофа шудаанд.
Железнодорожные пути - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2025
Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад
Зокирӣ ҳамчунин ба афзоиши нақши офаринии ҳамлу нақли рейлӣ дар Эрон ишора карду афзуд, ки бо ҷазби сармояҳои ҷадиди бахши хусусӣ ва тағйири рӯйкарди сармоягузорон, теъдоди Локомотивҳо омода ба кори шабакаи рейлӣ аз 489 дастгоҳ дар соли гузашта ба 569 дастгоҳ дар шароити феълӣ расидааст.
Вай дар поён ба густариши масирҳои байналмилалӣ ишора кард ва аз талошҳо барои роҳандозии қатори Теҳрон - Анкара хабар дод.
Ин талошҳо дар пайи фаъолсозӣ муҷаддади қатори Теҳрон – ва он пас аз 5 соли вақфа сӯрат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0