https://sputnik.tj/20260304/sarmoyaguzori-mintaqai-ozodi-iqtisodii-kulob-1075745278.html
Сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба 100 миллион сомонӣ расид
Сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба 100 миллион сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Хатлон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар ҳли ҳозир 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд
2026-03-04T15:39+0500
2026-03-04T15:39+0500
2026-03-04T15:39+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
иқтисод
тиҷорат
сармоягузорӣ
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075746143_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_c1a57d5a980a7d05dc4724954b2b084c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, барои баррасии рушди зерсохтор, фаъолияти субъектҳои минтақавӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.Сарвазир бо фаъолияти ширкати "Тоҷик-Алмос", ки қисмҳои эҳтиётии автомобил, аз ҷумла филтрҳои муҳаррик истеҳсол мекунад, шинос шуд.Барои сарвазири кишвар дар ҳамин ҷо лоиҳаи таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз растаниҳои шифобахш аз тарафи ширкати "Растани Инно" ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва санитарӣ-гигиенӣ аз сӯи ширкати "Фарм Куляб" низ муаррифӣ шуд.Қайд карда мешавад, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд.Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин минтақа то имрӯз тақрибан ба 100 миллион сомонӣ расидааст.Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ин минтақа қариб ба 1 миллион сомонӣ расидааст. Тақрибан 110 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин шудаанд.Ғайр аз ин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар дохили минтақа бо иштироки Сарвазир, Вазири рушди иқтисодӣ ва савдо ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд, ки ба ин минтақа намуди зебои нав зам кард.Пас аз боздид, сарвазир ба роҳбарият ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дастурҳои мушаххас дод, то мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд, талошҳои иттилоотӣ-таблиғӣ, таблиғи имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имконоти мавҷударо анҷом диҳанд.
https://sputnik.tj/20260109/iqtisod-nishondihandahoi-makroiqtisodi-ustuvor-1074406173.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075746143_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_50a16f6f9f8db139c73c46870bb9c08d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯлоб, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, коргоҳ
дар тоҷикистон, кӯлоб, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, коргоҳ
Сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба 100 миллион сомонӣ расид
Ба иттилои мақомоти Хатлон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар ҳли ҳозир 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, барои баррасии рушди зерсохтор, фаъолияти субъектҳои минтақавӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Сарвазир бо фаъолияти ширкати "Тоҷик-Алмос", ки қисмҳои эҳтиётии автомобил, аз ҷумла филтрҳои муҳаррик истеҳсол мекунад, шинос шуд.
Барои сарвазири кишвар дар ҳамин ҷо лоиҳаи таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз растаниҳои шифобахш аз тарафи ширкати "Растани Инно" ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва санитарӣ-гигиенӣ аз сӯи ширкати "Фарм Куляб" низ муаррифӣ шуд.
Қайд карда мешавад, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин минтақа то имрӯз тақрибан ба 100 миллион сомонӣ расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ин минтақа қариб ба 1 миллион сомонӣ расидааст. Тақрибан 110 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин шудаанд.
Ғайр аз ин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар дохили минтақа бо иштироки Сарвазир, Вазири рушди иқтисодӣ ва савдо ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд, ки ба ин минтақа намуди зебои нав зам кард.
Пас аз боздид, сарвазир ба роҳбарият ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дастурҳои мушаххас дод, то мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд, талошҳои иттилоотӣ-таблиғӣ, таблиғи имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имконоти мавҷударо анҷом диҳанд.