Вазорати иқтисод: Давоми даҳ сол нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор мебошанд

© Depositphotos.com \ Andrey PopovМонеты в виде графика роста цен
Монеты в виде графика роста цен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2026
Обуна шудан
Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Тавре вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, дар даҳ соли охир бо шарофати татбиқи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор гардида, рушди босуръати иқтисоди миллӣ таъмин шудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар давраи зикршуда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллӣ 7,6%-ро ташкил намуд.
Вазорат қайд кардааст, ки бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш дар ин давра аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона карда шуд.
Ҳамзамон нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Бонки аврусиёии рушд - БАОР, қурби пулҳои миллӣ ва ҳаҷми рушди иқтисод дар кишварҳои узвро барои соли равон пешгӯӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2026
Бонки аврусиёии рушд - БАОР, қурби пулҳои миллӣ ва ҳаҷми рушди иқтисод дар кишварҳои узвро барои соли равон пешгӯӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки дар ин муддат шумораи аҳолии кишвар 26% зиёд гардида, ба 10,7 миллион нафар расид, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол баланд шуд.
Ҳамзамон вазорат таъкид кардааст, ки дар ин давра сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Инчунин даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 165 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4%-ро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0