Раҳмон аз рушди мусбати ҳамкориҳо бо Туркманистон изҳори қаноатмандӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с заместителем Председателя Кабинета Министров Туркменистана Тангрыгулы Атахаллыевым.
Встреча Эмомали Рахмона с заместителем Председателя Кабинета Министров Туркменистана Тангрыгулы Атахаллыевым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2026
Обуна шудан
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот трафҳо вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз рушди мусбати ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Вай ба имкониятҳои бузург барои пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таъкид намуд.
Флаги стран-участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2026
Тоҷикистону Туркманистон тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа медиҳанд
Ҳамзамон тарафҳо ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Кишвардори Тоҷикистон аз идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро барои таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид кард.
Раҳмон дар мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон ба масоили нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев имрӯзҳо барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Лентаи хабарҳо
0