https://sputnik.tj/20260303/navruz-dushanbe-jashn-1075726494.html
Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар куҷо ҷашн мегиранд?
Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар куҷо ҷашн мегиранд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барои сокинон ва меҳмонони пойтахт чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фарҳангӣ баргузор мешаванд 03.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-03T19:10+0500
2026-03-03T19:10+0500
2026-03-03T19:10+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
душанбе
ҷашни наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055510017_0:67:3068:1793_1920x0_80_0_0_b03d98b98ea7d7623980efbe82c87342.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ба наздикӣ Тоҷикистон Наврӯзро ҷашн мегирад. Дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои ранго ранги идона ба нақша гирифта шудааст.Барномаҳо шоми 21 март дар майдони Истиқлол оғоз мешаванд. Дар ин ҷо оташи Наврӯзӣ рушан карда мешавад ва маросими суманакпазӣ баргузор мегардад.Сипас, Душанбе дар якчанд минтақаҳо ҷашнҳои оммавӣ баргузор мекунад.Барои маълумоти бештар дар бораи сана ва макони баргузории чорабиниҳо, лутфан ба харитаи Sputnik Тоҷикистон назар андозед.Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад.Тайи рӯзҳои ид сокинон метавонанд ярмаркаҳои молҳои миллӣ, чорабиниҳои варзишӣ, баромади ҳунармандони дӯстдоштаи худ ва оташбозиҳои идонаро тамошо кунанд.Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 мақомоти Душанбе бар асари номусоидии обу ҳаво чорабиниҳои асосиро ба таъхир гузошта буданд.Ёдовар мешавем, ки Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.
https://sputnik.tj/20260303/ruzu-soati-farorasii-navruz-malum-shud-1075713911.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055510017_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_20724071c9879d29c2a2d9031d4214f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, наврӯз, душанбе, ҷашни наврӯз
дар тоҷикистон, наврӯз, душанбе, ҷашни наврӯз
Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар куҷо ҷашн мегиранд?
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барои сокинон ва меҳмонони пойтахт чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фарҳангӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ба наздикӣ Тоҷикистон Наврӯзро ҷашн мегирад. Дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои ранго ранги идона ба нақша гирифта шудааст.
Барномаҳо шоми 21 март дар майдони Истиқлол оғоз мешаванд. Дар ин ҷо оташи Наврӯзӣ рушан карда мешавад ва маросими суманакпазӣ баргузор мегардад.
Сипас, Душанбе дар якчанд минтақаҳо ҷашнҳои оммавӣ баргузор мекунад.
Барои маълумоти бештар дар бораи сана ва макони баргузории чорабиниҳо, лутфан ба харитаи Sputnik Тоҷикистон назар андозед.
Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад.
Тайи рӯзҳои ид сокинон метавонанд ярмаркаҳои молҳои миллӣ, чорабиниҳои варзишӣ, баромади ҳунармандони дӯстдоштаи худ ва оташбозиҳои идонаро тамошо кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 мақомоти Душанбе бар асари номусоидии обу ҳаво чорабиниҳои асосиро ба таъхир гузошта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.