https://sputnik.tj/20260303/ruzu-soati-farorasii-navruz-malum-shud-1075713911.html
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
2026-03-03T13:46+0500
2026-03-03T13:46+0500
2026-03-03T13:57+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
таҷлил
ҷашн
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066593340_0:23:1620:934_1920x0_80_0_0_695cfed74d097dfec84b4f094b94e1a5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 20 март, соати 19:45 дақиқаи ба вайқти маҳаллӣ Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/51496
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066593340_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_9da322992bd4a1f083abd871e8b61600.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, наврӯз, таҷлил, ҷашн, ид
дар тоҷикистон, наврӯз, таҷлил, ҷашн, ид
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
13:46 03.03.2026 (Навсозишуда: 13:57 03.03.2026) Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 20 март, соати 19:45 дақиқаи ба вайқти маҳаллӣ Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.
Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.
“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.