Эрон алайҳи Исроил ва ИМА ҷанги муқаддас эълон кард

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Обуна шудан
Нерӯҳои Амрико ва Исроил ҳамлаҳоро ба Эрон анҷом доданд, ки дар натиҷа якчанд мақомоти баландпояи низомӣ, инчунин раҳбари олии кишвар ва хешовандони ӯ кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Рӯҳонии маъруфи эронӣ Оятуллоҳ Макарим Шерозӣ алайҳи Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ҷанги муқаддас эълон кард.
Рӯзи шанбе хабари марги раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, паҳн шуд.
"Мардуми Эрон ва ҷаҳони ислом барои хуни шаҳид - раҳбари олии Эрон интиқом хоҳанд гирифт",- гуфтааст ӯ.
Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил асосан барои марги Хоманаӣ масъуланд.
"Ин интиқом як вазифаи динии ҳамаи мусалмонони саросари ҷаҳон аст, ки барои решакан кардани бадӣ аз ҷаҳони мо тарҳрезӣ шудааст",- гуфтааст Шерозӣ.
Хоманаӣ субҳи барвақти 1 март дар дафтари худ дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил кушта шуд.
Дар саросари кишвар мотами 40-рӯза ва як ҳафтаи ғайрикорӣ эълон шудааст.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, артиши Эрон ва президенти кишвар қавл доданд, ки барои марги Хоманаӣ интиқом мегиранд.
Шӯрои Амнияти Эрон нақшаҳои ҳамлаи бузургеро эълон кард, ки ИМА ва Исроил ҳеҷ гоҳ бо он рӯбарӯ нашудаанд.
Верховный лидер Ирана аятолла Али Хаменеи. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба шаҳодат расид
Рӯзи пеш аз ин, ИМА ва Исроил як силсила ҳамлаҳоро ба ҳадафҳо дар Эрон, аз ҷумла пойтахт, анҷом доданд.
Дар ин ҳамлаҳо сокинони осоишта кушта ва ба иншооти ғайринизомӣ дар Эрон зарар расонида шуданд.
Дар байни кушташудагон хешовандони Хоманаӣ, инчунин котиби Шӯрои дифоъ, ноиби адмирал Алӣ Шамхонӣ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, генерал Муҳаммад Покпур буданд. Эрон баъдтар марги сардори ситоди генералӣ Абдурраҳим Мусавӣ ва вазири дифоъ Азиз Носирзодаро тасдиқ кард.
Лентаи хабарҳо
0