https://sputnik.tj/20250710/tojikiston-nizom-khonish-12-sola-meguzarad-1068784319.html
Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад
Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Замони муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф гурӯҳи байниидоравӣ таъсис медиҳад
2025-07-10T11:01+0500
2025-07-10T11:01+0500
2025-07-10T11:01+0500
маориф
таҳсилот
гузариш ба низоми таҳсили 12-сола
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a656ea96aecf8dba5a5b970b0b4a604c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон низоми таҳсили 12 - сола ҷорӣ хоҳад шуд, ин масъала дар Вазорати маорифи кишвар баррасӣ гардид.Вақти муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф гурӯҳи байниидоравӣ таъсис доданист. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гузариш ба таҳсили 12 - соларо амри зарурӣ хонд ва гуфт ин низоми таҳсил раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад.Вазорат нақшаи амалиро бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.Гурӯҳи корӣ бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад. Қирғизистон ба таҳсили 12-сола гузашт: Тоҷикистон кай мегузарадЁдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид ва баррасии ин масъала ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_fb087b8d784aefb51637a83cbadd14b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низоми таҳсил, 12 - сола, маориф
тоҷикистон, низоми таҳсил, 12 - сола, маориф
Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад
Замони муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф омодагии ҷиддӣ дида истодааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон низоми таҳсили 12 - сола ҷорӣ хоҳад шуд, ин масъала дар Вазорати маорифи кишвар баррасӣ гардид.
Вақти муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф гурӯҳи байниидоравӣ таъсис доданист.
Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гузариш ба таҳсили 12 - соларо амри зарурӣ хонд ва гуфт ин низоми таҳсил раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад.
"Гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфтааст ӯ зимни ҷаласаи корӣ.
Вазорат нақшаи амалиро бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.
Гурӯҳи корӣ бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад.
Ёдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.
Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид ва баррасии ин масъала ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуда буд.