Дар Душанбе 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид

© Foto / Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонКӯдакистони Гулистон дар шаҳри Душанбе
Кӯдакистони Гулистон дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2025
Обуна шудан
Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба баҳрабардорӣ расид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти кишвар гузориш дода, афзудааст, ки ин кӯдакистонҳо барои 1900 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи кӯдакистонҳо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ширкат кардаанд.
Президент зимни боздид аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаҳо, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо додааст.
Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим кардааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар аксари кӯждакистонҳои нав, усулҳои ҷадид таълиму тарбия истифода мешавад. Масалан дар боғчаи хусусии "Гулистон" ҳуҷраи махсуси намакин таъсис дода шудааст, ки ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад.
"Чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд", - омадааст дар гузориши хадамоти матбуотӣ.
Манбаъ афзуда, ки дар Душанбе сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.
Эмомали Рахмон открыл образовательное учреждение Гимназия имени Джалола Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2025
Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг сафар кард ва дархости Гулнигори Каримро иҷро намуд
Давоми соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0