https://sputnik.tj/20260227/taboduli-kolo-tojikiston-belarus-afzud-1075620410.html
Табодули коло миёни Тоҷикистону Беларус дар соли гузашта 29,2% афзуд
Табодули коло миёни Тоҷикистону Беларус дар соли гузашта 29,2% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Беларус дар бораи хусусиятҳои ҳамкорӣ бо Беларус гуфт ва таъкид кард, ҳамкориҳо бо ин кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд
2026-02-27T19:11+0500
2026-02-27T19:11+0500
2026-02-27T19:11+0500
дар тоҷикистон
беларус
ҳамкорӣ
равобит
табодули мол
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_0:283:3065:2007_1920x0_80_0_0_c9b5e01d98f78607c5c8ce9a789429b4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев - Sputnik. Беларус ва Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии худро пайваста тақвият медиҳанд.Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода дар мусоҳиба бо хабаргузории БЕЛТА таъкид кард.Оқои Сафарзода қайд кард, ки ин рақамҳо тамоюли мусбат ва устуворро инъикос мекунанд ва тақвияти мунтазами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Беларус тасдиқ мекунанд.Дипломат илова кард, ки барои ба низом даровардани минбаъдаи ҳамкории сармоягузорӣ, як гурӯҳи корӣ барои рушди ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Беларус таъсис дода шудааст.Вай инчунин зикр кард, ки омодагӣ барои ҷаласаи аввали зеркумитаи ҳамкории саноатии Беларус ва Тоҷикистон идома дорад."Рушди ин механизм барои бунёди занҷирҳои устувори истеҳсолӣ, амиқтар кардани ҳамгироии саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шудааст. Мо умедворем, ки оғози кори зеркумита ҳамкории саноатиро ба сатҳи сифатан нав мебарорад", - гуфт Бахтовар Сафарзода.
https://sputnik.tj/20260225/safir-belarus-hifzi-khotirai-sarbozoni-tojik-qahramonon-minnatdorem-1075548332.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_334:0:3065:2048_1920x0_80_0_0_0a631e54b9fcb300263622f03a6a74e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, беларус, ҳамкорӣ, равобит, табодули мол, иқтисод, саноат
дар тоҷикистон, беларус, ҳамкорӣ, равобит, табодули мол, иқтисод, саноат
Табодули коло миёни Тоҷикистону Беларус дар соли гузашта 29,2% афзуд
Сафири Тоҷикистон дар Беларус дар бораи хусусиятҳои ҳамкорӣ бо Беларус гуфт ва таъкид кард, ҳамкориҳо бо ин кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд
ДУШАНБЕ, 27 фев - Sputnik. Беларус ва Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии худро пайваста тақвият медиҳанд.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода дар мусоҳиба бо хабаргузории БЕЛТА таъкид кард.
"Агар мо ба динамикаи ҳамкориҳои худ аз нигоҳи иқтисодӣ назар кунем, пас, тибқи омори кишвр, ҳаҷми гардиши мол байни Беларус ва Тоҷикистон дар соли 2025 бештар аз 222 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 29,2% зиёдтар аст”, - гуфт сафир.
Оқои Сафарзода қайд кард, ки ин рақамҳо тамоюли мусбат ва устуворро инъикос мекунанд ва тақвияти мунтазами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Беларус тасдиқ мекунанд.
Дипломат илова кард, ки барои ба низом даровардани минбаъдаи ҳамкории сармоягузорӣ, як гурӯҳи корӣ барои рушди ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Беларус таъсис дода шудааст.
“Дар ин гурӯҳи корӣ масъалаҳои марбут ба таъсиси корхонаҳои муштарак, маҳаллисозии маҳсулоти саноатӣ, интиқоли технология ва густариши иштироки ширкатҳои беларусӣ ва тоҷикӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд баррасӣ мешаванд", - гуфт сафир.
Вай инчунин зикр кард, ки омодагӣ барои ҷаласаи аввали зеркумитаи ҳамкории саноатии Беларус ва Тоҷикистон идома дорад.
"Рушди ин механизм барои бунёди занҷирҳои устувори истеҳсолӣ, амиқтар кардани ҳамгироии саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шудааст. Мо умедворем, ки оғози кори зеркумита ҳамкории саноатиро ба сатҳи сифатан нав мебарорад", - гуфт Бахтовар Сафарзода.