Сафир: Мо аз Беларус барои ҳифзи хотираи сарбозони тоҷик - қаҳрамонони ҷанг миннатдорем

© Foto / БЕЛТАПосол Таджикистана в республике Беларусь Бахтовар Сафарзода.
Посол Таджикистана в республике Беларусь Бахтовар Сафарзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2026
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Белорус мегӯяд, ёди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дилҳои мардум зиндаст, ҳарчанд аз замони пирӯзӣ бар фашизм беш аз 80 сол сипарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода дар нишасти матбуотӣ, ки ба муносибати нашри китоби "Якҷоя! Ғалабаи бузург" бахшида шуда буд, гуфт, ки тоҷикон ба падарону бобоёни худ, ки ватанро аз истилогарони фашистӣ бо қимати ҷони худ озод карданд, ифтихор мекунем.
“Мо хотираи ҳамаи наслҳоеро, ки ба Ғалабаи Бузург ноил шудаанд, эҳтиром мекунем. Ва дар айни замон, мо бояд доимо дар хотир дошта бошем, ки сулҳу оромӣ ба ҳифзи мо ниёз дорад", - гуфт дипломат.
Вай таъкид кард, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди душмани умумӣ муттаҳид шуда буданд.
"Сарфи назар аз масофаи ҷуғрофии худ аз хатти ҷабҳа, Тоҷикистон саҳми бузурге дар Ғалаба гузошт. Аз 1,5 миллион сокинони ҷумҳурӣ, тақрибан 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтанд ва 100 ҳазор нафари онҳо дигар ба хона барнагаштанд. Дар байни онҳо на танҳо мардон, балки 15 ҳазор зан низ буданд - халабонон, снайперҳо, тирандозон, табибон ва кормандони алоқа. Онҳо дар баробари мардон ҷангида, қаҳрамонӣ ва шуҷоати беҳамто нишон доданд", - таъкид кард сафир.
Вай инчунин гуфт, ки Тоҷикистон ба як такягоҳи пуриқтидори ҷабҳа табдил ёфт.
"Тамоми саноати ҷумҳурӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои низомӣ комилан аз нав сохта шуд: онҳо либоси низомӣ, абрешими парашютӣ, мӯза барои артиш истеҳсол менамуданду ғизо равон мекарданд. Тоҷикон аз қаламравҳои ишғолшудаи душман одамони кӯчбастаро қабул мекарданд ва захираҳои охирини худро бо онҳое, ки маҷбур буданд аз хонаҳояшон фирор кунанд, тақсим мекарданд. Бастаҳое, ки дорои хӯрокворӣ, либос ва ашёи қиматбаҳо буданд, ба ҷабҳа мефиристод. Корнамоиҳои коргарон, деҳқонон ва зиёиёни Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумат баҳои баланд гирифтанд", - гуфт сафир.
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Гулмаҳмадзода: Иди Ғалаба рӯзест, ки наслҳоро муттаҳид мекунад
Бахтовар Сафарзода илова кард, ки дар давраи ҷанг 993 нафар бо орденҳои ИҶШС ва 102 ҳазор нафар бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шуданд, ки ба корнамоиҳои қаҳрамонона дар хатти ҷабҳа баробар дониста мешуд.
“Тоҷикон, дар баробари дигар халқҳои ИҶШС, дар майдонҳои ҷанг ба хотири истиқлолияти ватани худ қаҳрамонона меҷангиданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодаи тоҷик бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд, ки 57 нафари онҳо ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 19 нафар Кавалери Ордени Шарафи се дараҷа шуданд", - зикр кард сафири Тоҷикистон.
Дипломати тоҷик аз муборизаи муштараки халқҳои ТоҷикистонуБеларус дар давраи ҷанг қайд кард.
Вай афзуд даҳҳо ҳазор сарбозони тоҷик дар озод кардани хоки Беларус аз душман иштирок карданд. Дар байни онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов низ буд, ки дар мубориза барои истиқлолияти Беларус ҷон бохт. Ҳоло як мактаб дар Минск номи ӯро дорад.
Сержанти гвардия Фатҳулло Аҳмадов, дар озод кардани минтақаи Полесьеи Беларус иштирок кард. Ӯ пас аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифт.
Дар соли 2014, дар арафаи 70-солагии озодшавии Беларус аз истилогарони фашистӣ, панҷ сокини Душанбе бо медалҳои ҷашнии Беларус мукофотонида шуданд.
Қаҳрамонии сарбозони тоҷик на танҳо дар ҷоизаҳо, балки дар асарҳои адабӣ низ инъикос ёфтааст.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Муҳриддин дар бораи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони тоҷикӣ шеър хонд -видео
Сафир аз ҷумла асарҳои нависанда Фотеҳ Ниёзӣ ва шоир Саидалӣ Маъмурро ба ёд овард. Вай таъкид кард, ки ин асарҳо аз қаҳрамонии мардуми тоҷик нақл мекунанд", - изҳор дошт дипломат.
Бахтовар Сафарзода инчунин қайд кард, ки ҷашни 80-солагии Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 мақоми муҳимро ишғол кард. Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси Осорхонаи Фронти Ватан ва Хиёбони Шӯҳрат барои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ин ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд, пуштибонӣ кард.
"Мо аз мардум ва роҳбарияти Беларус барои ҳифзи хотираи қаҳрамонони ҷанг, аз ҷумла сарбозони тоҷик, миннатдорем. Мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дӯстии байни халқҳо калиди ояндаи дурахшон аст. Мо аз собиқадороне, ки ҷаҳонро аз фашизм наҷот доданд, ташаккур мегӯем. Корҳои қаҳрамононаи онҳо моро барои тақвияти гуманизм ва дӯстӣ байни мардуми кишварҳои гуногун илҳом мебахшанд", - хулоса кард сафири Тоҷикистон дар Беларус.
Лентаи хабарҳо
0