Аз мансаб сӯиистифода кард: Боздошти собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант

© unsplash / Bermix StudioНаручники и доллары. Иллюстративное фото
Наручники и доллары. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2026
Обуна шудан
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизо бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти собиқ Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 фев - Sputnik. Тафтишот муайян кардаааст, Сайфиддинзода А. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант ба ҷинояти сӯиистифода аз ваколати мансабӣ даст задааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизо бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст ин шахс то моҳи декабри соли 2024 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант кор кардааст.
“Чунончи, аввалҳои моҳи июни соли 2024 Сайфиддинзода А. ҳамчун шахси мансабдор, қасдан ваколатҳои мансабӣ ва мавқеи қудратии худро хилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, барои пуштибонӣ аз пешбарӣ намудани номзадии як шаҳрванд барои ба мансаби директори яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант таъин шуданаш аз он 10 000 сомонӣ дар утоқи кориаш талаб карда гирифт”, - қайд кардааст Агентӣ.
Рассмотрение ходатайства следствия об аресте подозреваемых в подготовке взрывов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2026
Раҳимзода: 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуд
Таъкид шудааст, ки нисбати Сайфиддинзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ирсол гардид.
Лентаи хабарҳо
0