https://sputnik.tj/20260213/rahimzoda-azoi-tashkiloti-terroristi-ekstremisti-bozdosht-1075223894.html
Раҳимзода: 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуд
Раҳимзода: 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли гузашта аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд 13.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-13T11:41+0500
2026-02-13T11:41+0500
2026-02-13T12:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
терроризм
экстремизм
рамазон раҳимзода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102306/81/1023068104_0:31:2979:1707_1920x0_80_0_0_c023839a2407277ec7d9df951ba6d303.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Соли 2025 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 1042 нафар барои содир намудани 93 ҷиноят ошкору дастгир карда шуд.Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни ниашсти матбуотӣ хабар дод.Рамазон Раҳимзода гуфт, ки сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистиро дастгир намуданд, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд.Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода гуфт, ки соли гузашта 141 гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 340 нафар ва 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб дар ҳайати 24 нафар дастгир гардид.“Дар умум аз ин гурӯҳҳо 2 ҳазор килограмм маводи мухаддир, зиёда аз 90 ҳазор адад ҳабҳои синтетикӣ ва мадҳушкунанда мусодира карда шуд”, - таъкид кард раҳбари ВКД.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳама субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии он дар давраи ҳисоботӣ 78 фоизро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260212/rahimzoda-jangho-suriya-iroq-afghoniston-tojikon-ishtirok-kushta-1075217702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102306/81/1023068104_248:0:2979:2048_1920x0_80_0_0_5242131fe0c7e3974ead69d5487813b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, терроризм, экстремизм, рамазон раҳимзода, вкд
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, терроризм, экстремизм, рамазон раҳимзода, вкд
Раҳимзода: 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуд
11:41 13.02.2026 (Навсозишуда: 12:49 13.02.2026) Вазири умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли гузашта аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Соли 2025 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 1042 нафар барои содир намудани 93 ҷиноят ошкору дастгир карда шуд.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни ниашсти матбуотӣ хабар дод.
Рамазон Раҳимзода гуфт, ки сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистиро дастгир намуданд, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд.
“Вобаста ба пешгирӣ намудани маводи нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 килограмм воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуданд”, - гуфт вазир.
Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода гуфт, ки соли гузашта 141 гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 340 нафар ва 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб дар ҳайати 24 нафар дастгир гардид.
“Дар умум аз ин гурӯҳҳо 2 ҳазор килограмм маводи мухаддир, зиёда аз 90 ҳазор адад ҳабҳои синтетикӣ ва мадҳушкунанда мусодира карда шуд”, - таъкид кард раҳбари ВКД.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳама субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии он дар давраи ҳисоботӣ 78 фоизро ташкил медиҳад.