Корпартоии ронандагони тоҷик дар Ҳоланд

© AP / Eldar EmricЗабастовка водителей в знак протеста против недавно введенных правил въезда в Европейский союз. Иллюстративное фото
Забастовка водителей в знак протеста против недавно введенных правил въезда в Европейский союз. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2026
Обуна шудан
Ронандагони тоҷик дар кабинаҳои гармнашудаи мошинҳои боркашашон зиндагӣ мекунанд ва моҳҳо боз хонаводаашонро надидаанд
ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Ронандагони тоҷики мошинҳои боркаш дар Ҳоланд бо нишони эътироз корпартоӣ карданд.
Дар ин бора сомонаи logist.today хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ду ронандаи мошинҳои боркаш аз корфармои литвагии худ 15 ҳазор евро талаб доранд, ки музди меҳнати муқарраршудаи онҳо дар шартномаи меҳнатӣ мебошад.
Яке аз ин мардон ду сол боз мошини боркаши худро тарк накардааст. Дар посухи эътирози ронанда, ширкат литвагӣ раводиди ӯро бекор карда, ба ӯ амр додааст, ки дар давоми як моҳ ҳудуди Иттиҳодияи Аврупоро тарк кунад.
Ронандаи дуюм аз моҳи июли соли 2025 дар мошини боркаше, ки гарм намешавад зиндагӣ мекардааст. Вай худро дар дохили мошинаш бо капсули газ гарм мекардаст.
Очереди у миграционного центра в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2026
Тоҷикистон аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳимоят хоҳад кард
Корфармо алайҳи ӯ барои рабудани мошини боркаш парванда боз кард, аммо пулис ягон далели ҷиноят ошкор накард. Баъдтар, ҳамлагарони номаълум кӯшиш карданд, ки мардро аз дохили мошин берун кашанд, аммо нерӯҳои амниятӣ онҳоро боздоштанд.
Бузургтарин иттифоқи касаба дар Ҳоланд FNV эълон кардааст, ки ҳарду шаҳванди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад: онҳо ба онҳо хӯрок ва об меоранд ва кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0