https://sputnik.tj/20250509/muhriddin-ghalaba-jang-buzurg-vatani-zaboni-tojiki-sher-khond-video-1067289481.html
Муҳриддин дар бораи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони тоҷикӣ шеър хонд -видео
Муҳриддин дар бораи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони тоҷикӣ шеър хонд -видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ имсол низ маъракаи ёдбуди Ҷанги Бузурги Ватаниро доир карданд ва ҳар кадомашон бо забони давлати худ шеър қироат кард 09.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-09T10:39+0500
2025-05-09T10:39+0500
2025-05-09T10:39+0500
дар тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
рӯзи ғалаба
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0d/1066219508_0:26:1280:746_1920x0_80_0_0_e60a0f588798bdfdff7ea9bbce4cfb5f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалабаи бузург вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ шеър қироат кард.Дар баробари ӯ, ҳамтоёнаш аз Русия, Беларус ва Қирғизистон низ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеър хонданд. Ин маърака қариб ҳамасола аз сӯи вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ сурат мегирад.Дипломатҳои ИДМ ба ягонагии корнамоии халқҳо дар мубориза бар зидди фашизм таъкид мекунанд.Имсол вазири умури хориҷии Тоҷикистон шеъри Боқӣ Раҳимзода - "Иди Зафар" -ро қироат кард, ки шоир дар ин шеъри худ ҳамагонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош мекунад.Маврид ба зикр аст, ки дар Маскав имсол бо ҳузури намояндагони беш аз 20 давлат 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мешавад. Давоми ду рӯз раисҷумҳурон ва намояндагони кишварҳои хориҷи дуру наздик озими Маскав шуданд.Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз анҷоми гузашти низомӣ дар Душанбе, рӯзи 8 май ба Маскав сафар кард ва акнун ҳамроҳи дигар президентҳо дар тантанаҳои идона иштирок мекунад.
https://sputnik.tj/20250508/rahmon-davat-putin-rohii-maskav-shud-1067286157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0d/1066219508_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_63c3b22c267ceaf6f6fab3fe4bf024c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, рӯзи ғалаба, 80-солагии ғалаба
дар тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, рӯзи ғалаба, 80-солагии ғалаба
Муҳриддин дар бораи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони тоҷикӣ шеър хонд -видео
Вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ имсол низ маъракаи ёдбуди Ҷанги Бузурги Ватаниро доир карданд ва ҳар кадомашон бо забони давлати худ шеър қироат кард
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалабаи бузург вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ шеър қироат кард.
Дар баробари ӯ, ҳамтоёнаш аз Русия, Беларус ва Қирғизистон низ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеър хонданд. Ин маърака қариб ҳамасола аз сӯи вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ сурат мегирад.
Дипломатҳои ИДМ ба ягонагии корнамоии халқҳо дар мубориза бар зидди фашизм таъкид мекунанд.
Имсол вазири умури хориҷии Тоҷикистон шеъри Боқӣ Раҳимзода - "Иди Зафар" -ро қироат кард, ки шоир дар ин шеъри худ ҳамагонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Маскав имсол бо ҳузури намояндагони беш аз 20 давлат 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мешавад. Давоми ду рӯз раисҷумҳурон ва намояндагони кишварҳои хориҷи дуру наздик озими Маскав шуданд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз анҷоми гузашти низомӣ дар Душанбе, рӯзи 8 май ба Маскав сафар кард ва акнун ҳамроҳи дигар президентҳо дар тантанаҳои идона иштирок мекунад.