Сафари ҳунарии Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба се шаҳри Узбекистон

© Sputnik / Стас ЭтвешХуджандский музыкально-драматический театр им. Камола Худжанди, бывший им. А.С. Пушкина, архивное фото
Худжандский музыкально-драматический театр им. Камола Худжанди, бывший им. А.С. Пушкина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2026
Обуна шудан
Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳрҳои Узбекистон намоишномаҳои "Қарзи виҷдон" ва "Хубони эрка" намоиш медҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сафари ҳунарии театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо намоишномаҳои "Қарзи виҷдон" ва "Хубони эрка" ба шаҳрҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Узбекистон идома дорад.
Ба иттилои намояндаи театр Мутриба Алихонзода ин сафари ҳунарӣ бо мақсади тақвияти равобити фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои эҷодӣ, сурат гирифтааст.
“Ин иқдом дар доираи барномаҳои муштараки фарҳангии ду давлати ба ҳам дӯст амалӣ гардида, ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ, ғанӣ гардидани таҷрибаи эҷодӣ ва наздикшавии фарҳангҳои миллӣ замина фароҳам меорад”, - гуфт Мутриба Алихонзода.
Вай илова кард, ки ҳайати ҳунармандон дар шаҳри Намангон гарму самимӣ истиқбол шуданд.
Государственный русский драматический театр имени А. С. Пушкина в Бустоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2026
Вазорати фарҳанг аз навсозии "Театри русӣ" дар Бӯстон эълон кард
“Чунин пазироии самимӣ нишонаи эҳтироми баланд ба санъат ва ҳунари тоҷикӣ буда, бори дигар собит месозад, ки фарҳанг метавонад миёни мардумон робитаи устувор ва самимӣ барқарор намояд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки ҳайати эҷодӣ бар ин назар аст, ки ин сафари ҳунарӣ боиси таҳкими ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни аҳли ҳунари ду кишвар хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0