https://sputnik.tj/20260225/mmd-i-tojikiston-dar-soli-2026-kohish-meyobadu-ammo-tavarum-bosurat-afzoish-meyobad-1075534085.html
ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 коҳиш меёбаду аммо таварум босуръат афзоиш меёбад
ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 коҳиш меёбаду аммо таварум босуръат афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “S&P Global Ratings”, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи B қарор дода, дурнаморо аз "устувор" ба "мусбат" баланд бардошт
2026-02-25T11:41+0500
2026-02-25T11:41+0500
2026-02-25T11:41+0500
дар тоҷикистон
ммд
иқтисод
таваррум
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063832858_0:0:3515:1978_1920x0_80_0_0_a1199c5ac24cf44ecd3c09f03d485eb8.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ширкати “S&P Global Ratings” дар гузориши ахири худ навиштааст, ки афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 аз 8,4% дар соли гузашта то 7,1% коҳиш ёфта, таваррум аз 3,5% то 5% зиёд мешавад."Бо вуҷуди беҳбудиҳои ахир, иқтисоди Тоҷикистон ва мавқеи сиёсати хориҷии он аз нигоҳи сохторӣ ба як қатор омилҳои хавф осебпазир боқӣ мемонад. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 8,4% афзоиш ёфт, ки ин бо натиҷаҳои соли 2024 мувофиқ аст. Мо интизорем, ки афзоиши он дар солҳои 2027-2028 то 5,5% коҳиш ёбад, ки ин аз ҳисоби коҳиши истеъмоли бахши хусусӣ дар шароити коҳиши интиқоли пул ба вуҷуд омадааст. Эҳтимол дорад, ки истеҳсолоти саноатӣ ва истихроҷи маъдан аз паст шудани нархи металл зарар бинанд", - қайд намудааст ин ширкат.Тибқи пешгӯии Ожонсӣ, таваррум дар соли 2027 то 7% афзоиш хоҳад ёфт ва сипас дар соли 2028 то 5% коҳиш меёбад.S&P таъкид мекунад, ки дар муқоисаи ҷаҳонӣ, ММД-и Тоҷикистон ба сари аҳолӣ хеле паст боқӣ мемонад. Дар байни хатарҳои асосии сохторӣ барои иқтисоди кишвар, оҷонсӣ аз ҳаҷми баланди интиқоли пулро, ки ба 60% ММД мерасад, қайд кард."Афзоиши якбораи музди меҳнат ва интиқоли маблағ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор мекунанд, дар солҳои охир ба рушди иқтисодӣ мусоидат кардааст. Зиёда аз 90%-и ин интиқоли маблағ аз кишварҳои ИДМ, асосан аз Русия, ворид мешавад. Мо интизорем, ки ҳаҷми номиналии ин воридот дар солҳои 2026-2027 бинобар эҳтимоли коҳиши музди меҳнати номиналӣ дар Русия дар соли 2026 ва эҳтимоли коҳиши арзиши рубли Русия нисбат ба дигар асъорҳо, коҳиш меёбад", - шарҳ додаааст S&P.Дар ин замина, интизор меравад, ки пули миллии Тоҷикистон дар соли 2028 аз 9,3 сомонӣ/1 доллар дар соли 2025 то ба ҳисоби миёна 12,2 сомонӣ/1 доллар коҳиш ёбад.Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешгӯӣ мекунад.Бонки АвруОсиё рушд (БАОР) афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2026 8,1%, Бонки Ҷаҳонӣ 4,9% ва Хазинаи Байналмилалии Асъор 5,5% пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20260109/iqtisod-nishondihandahoi-makroiqtisodi-ustuvor-1074406173.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063832858_644:0:3375:2048_1920x0_80_0_0_dd270c7d0fe9e1dbfee8154db2877a20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ммд, иқтисод, таваррум, рушд
дар тоҷикистон, ммд, иқтисод, таваррум, рушд
ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 коҳиш меёбаду аммо таварум босуръат афзоиш меёбад
Ширкати “S&P Global Ratings”, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи B қарор дода, дурнаморо аз "устувор" ба "мусбат" баланд бардошт
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ширкати “S&P Global Ratings” дар гузориши ахири худ навиштааст, ки афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 аз 8,4% дар соли гузашта то 7,1% коҳиш ёфта, таваррум аз 3,5% то 5% зиёд мешавад.
"Бо вуҷуди беҳбудиҳои ахир, иқтисоди Тоҷикистон ва мавқеи сиёсати хориҷии он аз нигоҳи сохторӣ ба як қатор омилҳои хавф осебпазир боқӣ мемонад. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 8,4% афзоиш ёфт, ки ин бо натиҷаҳои соли 2024 мувофиқ аст. Мо интизорем, ки афзоиши он дар солҳои 2027-2028 то 5,5% коҳиш ёбад, ки ин аз ҳисоби коҳиши истеъмоли бахши хусусӣ дар шароити коҳиши интиқоли пул ба вуҷуд омадааст. Эҳтимол дорад, ки истеҳсолоти саноатӣ ва истихроҷи маъдан аз паст шудани нархи металл зарар бинанд", - қайд намудааст ин ширкат.
Тибқи пешгӯии Ожонсӣ, таваррум дар соли 2027 то 7% афзоиш хоҳад ёфт ва сипас дар соли 2028 то 5% коҳиш меёбад.
S&P таъкид мекунад, ки дар муқоисаи ҷаҳонӣ, ММД-и Тоҷикистон ба сари аҳолӣ хеле паст боқӣ мемонад. Дар байни хатарҳои асосии сохторӣ барои иқтисоди кишвар, оҷонсӣ аз ҳаҷми баланди интиқоли пулро, ки ба 60% ММД мерасад, қайд кард.
"Афзоиши якбораи музди меҳнат ва интиқоли маблағ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор мекунанд, дар солҳои охир ба рушди иқтисодӣ мусоидат кардааст. Зиёда аз 90%-и ин интиқоли маблағ аз кишварҳои ИДМ, асосан аз Русия, ворид мешавад. Мо интизорем, ки ҳаҷми номиналии ин воридот дар солҳои 2026-2027 бинобар эҳтимоли коҳиши музди меҳнати номиналӣ дар Русия дар соли 2026 ва эҳтимоли коҳиши арзиши рубли Русия нисбат ба дигар асъорҳо, коҳиш меёбад", - шарҳ додаааст S&P.
Дар ин замина, интизор меравад, ки пули миллии Тоҷикистон дар соли 2028 аз 9,3 сомонӣ/1 доллар дар соли 2025 то ба ҳисоби миёна 12,2 сомонӣ/1 доллар коҳиш ёбад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешгӯӣ мекунад.
Бонки АвруОсиё рушд (БАОР) афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2026 8,1%, Бонки Ҷаҳонӣ 4,9% ва Хазинаи Байналмилалии Асъор 5,5% пешбинӣ мекунад.