Саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсолоти молҳо дар Тоҷикистон ба 80% расид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаШвейная фабрика "Гарди" в Душанбе
Швейная фабрика Гарди в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2026
Обуна шудан
Айни замон дар ҷумҳурӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузорӣро таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсолоти молҳо 80% ва шуғли аҳолӣ 70%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, хабар дод.
Дар мулоқот бо соҳибкорон, вай қайд кард, ки дар кишвар барои бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Оқои Раҳмонализода, қайд кард, ки дар соли сипаригашта дар қаламрави кишвар 396 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1%-ро ташкил дод.
Контейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра Артем в Приморском крае. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2026
Кишварҳои сеюм манфиатдори тиҷорат бо ИИАО ҳастанд
Дар баробари раиси палатаи савдо ва ссаноати Тоҷикистон, таъкид кард, ки калонтарин ташкилоти муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, ҳамтоёни худ ва шарикони рушд брои рушди фаъолияти бахши хусусии кишвар чорабиниҳои мухталифро ба монанди бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо, намоишгоҳҳо – ярмаркаҳо, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва ғайра дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор намояд.
Раҳмонализода илова кард, ки Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон барои барраси пешниҳодҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳа ва дастгирии манфиатҳои аъзоёни палата дар дохил ва хориҷи кишвар омода аст.
Лентаи хабарҳо
0