https://sputnik.tj/20260218/kishvarhoi-seum-manfiatdori-tijorat-iiao-1075359938.html
Кишварҳои сеюм манфиатдори тиҷорат бо ИИАО ҳастанд
Кишварҳои сеюм манфиатдори тиҷорат бо ИИАО ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Сербия ва Эрон созишномаҳои тиҷорати озод дорад 18.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-18T11:41+0500
2026-02-18T11:41+0500
2026-02-18T11:41+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/11/1075349347_0:220:3072:1948_1920x0_80_0_0_59e7e89ad7209756c302376c7701a7eb.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Бозори Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бузург ва қобили пардохт аст, ки онро барои кишварҳои сеюм ҷолиб мегардонад.Дар ин бора Дониёр Иманалиев, вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), изҳор дошт.Вай қайд кард, ки бозори АвруОсиё беш аз 180 миллион харидори пардохтпазирро дар бар мегирад."Комиссияи иқтисодии АвруОсиё инро дарк мекунад ва ҳамкорӣ ва фарогирии ҷуғрофии худро васеъ мекунад", - гуфт Иманалиев.Иттиҳод бо Муғулистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Сербия ва Эрон созишномаҳои тиҷорати озод дорад.Вай афзуд, ки агар созишномаҳо пурра амалӣ шаванд, саҳми онҳо дар тиҷорати хориҷии ИИАО метавонад аз 5-6%-и кунунӣ то 14,7% афзоиш ёбад.Содда кардани расмиёт, ҷорӣ намудани мӯҳрҳои навигатсия, системаи ягонаи транзитӣ, рушди тиҷорати электронӣ ва гузариш ба санадҳои рақамӣ низ ҳамкорӣ бо ИИАО-ро ҷолибтар мекунад.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260213/lavrov-rusiya-briks-shsh-iiao-pushtiboni-1075242854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/11/1075349347_325:0:3056:2048_1920x0_80_0_0_f97fbf2d160c0f187d7ea3365394a786.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, ҳамкорӣ, равобит
ииао, авруосиё, иқтисод, ҳамкорӣ, равобит
Кишварҳои сеюм манфиатдори тиҷорат бо ИИАО ҳастанд
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Сербия ва Эрон созишномаҳои тиҷорати озод дорад
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Бозори Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бузург ва қобили пардохт аст, ки онро барои кишварҳои сеюм ҷолиб мегардонад.
Дар ин бора Дониёр Иманалиев, вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки бозори АвруОсиё беш аз 180 миллион харидори пардохтпазирро дар бар мегирад.
"Комиссияи иқтисодии АвруОсиё инро дарк мекунад ва ҳамкорӣ ва фарогирии ҷуғрофии худро васеъ мекунад", - гуфт Иманалиев.
Иттиҳод бо Муғулистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Сербия ва Эрон созишномаҳои тиҷорати озод дорад.
Вай афзуд, ки агар созишномаҳо пурра амалӣ шаванд, саҳми онҳо дар тиҷорати хориҷии ИИАО метавонад аз 5-6%-и кунунӣ то 14,7% афзоиш ёбад.
Содда кардани расмиёт, ҷорӣ намудани мӯҳрҳои навигатсия, системаи ягонаи транзитӣ, рушди тиҷорати электронӣ ва гузариш ба санадҳои рақамӣ низ ҳамкорӣ бо ИИАО-ро ҷолибтар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.