https://sputnik.tj/20251206/sherali-kabir-zs-joyguzin-odamon-nakhohad-shud-1073552697.html
Шералӣ Кабир: ЗС ҷойгузини одамон нахоҳад шуд, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод хоҳад кард
Шералӣ Кабир: ЗС ҷойгузини одамон нахоҳад шуд, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва савдо итминон дорад, ки бо аз байн рафтани як қатор касбҳо аз сабаби рушди зеҳни сунъӣ, ихтисосҳои нави зарурӣ низ пайдо мешаванд
2025-12-06T13:15+0500
2025-12-06T13:15+0500
2025-12-06T13:15+0500
шералӣ кабир
илм ва фанноварӣ
дар тоҷикистон
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063533578_0:182:3072:1910_1920x0_80_0_0_de41f6a61a8809b2cca8d19c3640ccd6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Рушди зеҳни сунъӣ нигарониҳоро дар бораи аз даст додани ҷойҳои корӣ, бахусус дар бахши саноатӣ, ба миён меорад. Ин нукта дар мусоҳиба бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" гуфта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бисёр касбҳо тағйир меёбанд ё аз байн мераванд ва нейросет баъзе вазифаҳои инсонро иваз мекунанд.Қаблан, аксари беморон барои як бемории мушаххас ҳамон як намуди доруҳоро мегирифтанд, аммо дар давраи нейросет, доруҳо барои ҳар як шахс дар асоси маълумоти шахсӣ мутобиқ карда мешаванд, гуфт ӯ.Шералӣ Кабир таъкид кард, ки баъзе касбу ихтисосҳо аз байн мераванд, аммо ин набояд нигаронкунанда бошад. Ӯ мисоли соли 1760-ро овард, вақте ки муҳаррики дарунсӯз ихтироъ шуда буд ва Инқилоби саноатӣ оғоз ёфт."Ин давраи гузариш аз меҳнати дастӣ ба истеҳсоли мошинӣ, таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои металлургӣ буд - бисёр касбҳо аз байн рафтанд, аммо ба ҷои онҳо ихтисосҳои нав пайдо шуданд".Аз ин рӯ, ӯ қайд кард, ки талабот ба ҷойҳои корӣ ва захираҳои инсонӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд.Ба гуфтаи вазир аз чунин тағйирот набояд тарсид; онҳо марҳилаи нави рушдро ифода мекунанд, ки мо бояд ба он омода бошем.
https://sputnik.tj/20251127/rahmon-istifoda-fazoi-majozi-zehni-suni-terroriston-1073319146.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063533578_103:0:2834:2048_1920x0_80_0_0_68b96893c185fee300b3afbf84446e20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеҳни сунъӣ, ҷойгузин, одамон
зеҳни сунъӣ, ҷойгузин, одамон
Шералӣ Кабир: ЗС ҷойгузини одамон нахоҳад шуд, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод хоҳад кард
Вазири саноат ва савдо итминон дорад, ки бо аз байн рафтани як қатор касбҳо аз сабаби рушди зеҳни сунъӣ, ихтисосҳои нави зарурӣ низ пайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Рушди зеҳни сунъӣ нигарониҳоро дар бораи аз даст додани ҷойҳои корӣ, бахусус дар бахши саноатӣ, ба миён меорад.
Ин нукта дар мусоҳиба бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" гуфта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, бисёр касбҳо тағйир меёбанд ё аз байн мераванд ва нейросет баъзе вазифаҳои инсонро иваз мекунанд.
"Зеҳни сунъӣ метавонад ба ҷои иқтисоддонҳо ва муҳосибон гузоришҳо омода кунад ва ин касбҳоро иваз кунад. Зеҳни сунъӣ инчунин дар соҳаи тиб инқилоб хоҳад кард", - гуфт вазир.
Қаблан, аксари беморон барои як бемории мушаххас ҳамон як намуди доруҳоро мегирифтанд, аммо дар давраи нейросет, доруҳо барои ҳар як шахс дар асоси маълумоти шахсӣ мутобиқ карда мешаванд, гуфт ӯ.
Шералӣ Кабир таъкид кард, ки баъзе касбу ихтисосҳо аз байн мераванд, аммо ин набояд нигаронкунанда бошад. Ӯ мисоли соли 1760-ро овард, вақте ки муҳаррики дарунсӯз ихтироъ шуда буд ва Инқилоби саноатӣ оғоз ёфт.
"Ин давраи гузариш аз меҳнати дастӣ ба истеҳсоли мошинӣ, таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои металлургӣ буд - бисёр касбҳо аз байн рафтанд, аммо ба ҷои онҳо ихтисосҳои нав пайдо шуданд".
Аз ин рӯ, ӯ қайд кард, ки талабот ба ҷойҳои корӣ ва захираҳои инсонӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Ба гуфтаи вазир аз чунин тағйирот набояд тарсид; онҳо марҳилаи нави рушдро ифода мекунанд, ки мо бояд ба он омода бошем.