https://sputnik.tj/20260221/uzbekistoniho-tojikiston-sayyohat-intikhob-1075448352.html
Тоҷикистон яке аз машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо шуд
Тоҷикистон яке аз машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои гардишгарӣ бештар ду кишвари Осиёи Марказиро интихоб кардаанд
2026-02-21T16:03+0500
2026-02-21T16:03+0500
2026-02-21T16:03+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
сайёҳӣ
кумитаи сайёҳӣ
гардишгарӣ
интихоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_0:32:2048:1184_1920x0_80_0_0_83e8fb8e639292ed6ef0532384bb87e2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои сайру сайёҳат бештар Тоҷикистону Қирғизистонро интихоб кардаанд.Дар ин бора, Кумитаи миллии омори Узбекистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки Қирғизистон аз рӯи шумораи боздидҳо пешсаф буда, аз ин кишвар, беш аз 232 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистон боздид кардаанд.Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.Қазоқистон низ дар сегонаи аввал қарор гирифт. 88 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистонро ин кишвар қабул кардааст.Маъруфияти ин маконҳо анъанавӣ бо логистикаи қулай, робитаҳои оилавӣ ва тиҷорати фаъоли марзӣ шарҳ дода мешавад.Дар байни кишварҳои берун аз ИДМ, Арабистони Саудӣ шумораи бештари сайёҳонро сабт кардааст, ки дар моҳи аввали сол беш аз 62 ҳаз. нафар ба он ҷо сафар карданд.Русия, Туркия ва АМА низ мавқеи худро дар байни маконҳои асосӣ нигоҳ доштанд. Таиланд, Чин ва Миср даҳгонаи кишварҳои машҳуртаринро ҷамъбаст мекунанд. Шумораи умумии шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳи январ кишварро тарк кардаанд, 589 ҳаз. нафарро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2025 қариб 40 ҳаз. нафар зиёдтар аст.Дар умум, моҳи январи соли 2026 қариб 590 ҳаз. шаҳрванди Узбекистон ба хориҷа сафар кардаанд.Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори кишвар, ин нисбат ба моҳи январи соли гузашта 6,9% афзоишро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20260116/iskandarkul-inshoot-zamonavi-sayyohi-1074554468.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_318:0:1897:1184_1920x0_80_0_0_f9a9ae27e2d95ee98e905ad7e21bc2cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, сайёҳӣ , кумитаи сайёҳӣ, гардишгарӣ, интихоб
дар тоҷикистон, узбекистон, сайёҳӣ , кумитаи сайёҳӣ, гардишгарӣ, интихоб
Тоҷикистон яке аз машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо шуд
Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои гардишгарӣ бештар ду кишвари Осиёи Марказиро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои сайру сайёҳат бештар Тоҷикистону Қирғизистонро интихоб кардаанд.
Дар ин бора, Кумитаи миллии омори Узбекистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Қирғизистон аз рӯи шумораи боздидҳо пешсаф буда, аз ин кишвар, беш аз 232 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистон боздид кардаанд.
Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Қазоқистон низ дар сегонаи аввал қарор гирифт. 88 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистонро ин кишвар қабул кардааст.
Маъруфияти ин маконҳо анъанавӣ бо логистикаи қулай, робитаҳои оилавӣ ва тиҷорати фаъоли марзӣ шарҳ дода мешавад.
Дар байни кишварҳои берун аз ИДМ, Арабистони Саудӣ шумораи бештари сайёҳонро сабт кардааст, ки дар моҳи аввали сол беш аз 62 ҳаз. нафар ба он ҷо сафар карданд.
Русия, Туркия ва АМА низ мавқеи худро дар байни маконҳои асосӣ нигоҳ доштанд.
Таиланд, Чин ва Миср даҳгонаи кишварҳои машҳуртаринро ҷамъбаст мекунанд. Шумораи умумии шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳи январ кишварро тарк кардаанд, 589 ҳаз. нафарро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2025 қариб 40 ҳаз. нафар зиёдтар аст.
Дар умум, моҳи январи соли 2026 қариб 590 ҳаз. шаҳрванди Узбекистон ба хориҷа сафар кардаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори кишвар, ин нисбат ба моҳи январи соли гузашта 6,9% афзоишро нишон медиҳад.